Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Боз сари оташдон рафт, сихчўбҳоро чид, ба оташ ҳезум гузошт, то лахча шавад, кабобашро пазад.
Зукур шодӣ кард, хушнудӣ кард, то Ваҳшӣ ҳаросашро пай набарад, ларзаи танашро нафаҳмад...
— Қаҳрамон... – даст бар китфи Зукур монда гуфт Ваҳшӣ, ларзаи тани ў бозмонд. – Забона пурсидӣ-а? Аз тарс шуда буд, боз аз тарс кушода шуд, аз тарси ҳамин хел хирс...
— Шумо ҳам...
— Не... Абўшукур...
Зукур пас- пас рафт... бо ҳамин рафтан аз ғор баромада, якбора рўй тофта, гўё ки то ҷойи пояш расидан метохта бошад... Аммо Ваҳшӣ ўро боздошт.
— Хирс кушт ўро... Ҳамон қабри берун – қабри Абўшукур!
— Абўшукур ба ман бобо...
— Бобо?... Ин хел бошад, ту қасдатро гирифтӣ...
Ваҳшӣ гумон кард, ки баъди чунин ҳарф Зукур аз ў чӣ хел қасд буданашро мепурсад ва ў дурўғи зиёде мегўяд, аммо Зукур напурсид. Хомўш монд. Ба оташи алангааш фурў нишаста ва рўйи лахчаҳо гарди хокистар гирифта нигоҳ карда, гўё набарди хирсу бобояшро пеши назар меорад ва мебинад, ки чӣ зайл хирс боборо ба зер андохта, пахш карда, мекушаду Ваҳшӣ аз канор тамошо мекунад ва нигарон аст, ки кай ҷони бобо мебарояд...
— Ва шумо тамошо кардед?
— Не, ман баромада гурехтанашро дидам... Ҳамун гурехтанаш... акнун омад ин хирс... Дар ҷои қабраш дидам ин хирсро ва омадам, ки Абўшукур...
XV
Ваҳшӣ чашм ба тори ғор шаби сиёҳу пурвоҳимаю дарози чилларо рўз кард. Ҳама умраш такорў шуданд, ҳама рафтору кирдораш
муқаррар гаштанд ва ў хост миёни ин хаёлу хотираҳои ночиз хештанро дарёбад, аммо ягон шакли инсонӣ пеши чашмаш наомад, то
гўяд, ки ин манам; ҳама вақт пеши назараш ҳайвонҳо мегузаранд
ва ў аз онҳо тарсида тори кўҳу шахҳо мебарояд, сагони рама гўё
гург ба рама зада бошад, безобита гашта, бў гирифта, ҷониби ў
меоянду бозмегарданд; садои одамӣ доштани Ваҳширо дониста,
ҳуштаки паст-пасташро шунида, ишораҳои ошноӣ доданашро дида,
даҳон кушода, иринҷос зада, лаб лесида ва ё думак зада, бармегарданд; дар камару обканду паси буттаҳо ё даруни арча истода,
аз пойи гўсфанд дошта, пас кашида, барои садояш набаромадан,
даҳони онро доштанаш; сонӣ аз роҳҳои дур гўсфанди куштаву
рўдаву ишкамбааш холишударо сари дўш бардошта омаданаш ва
аз тори ғор ба зер андохтанаш... ҳама-ҳама пеши назараш меоянд
ва ў хаёл мекунад, ки ҷуз ваҳшигӣ, ҷуз хиёнат, ҷуз нокасӣ... чизе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор