Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳоло аз он тамошо меларзад ва шукр мекунад, ки аз безабонӣ рухдоди Абўшукурро ба вай такрор накард... Ҳарчанд ки Ваҳшӣ камтар аз ў зўр надошт, таҷрибадори ҳилакори одамкушта буд, аз зўри ҷавон ҳаросид.
Ваҳшӣ ҳаваси хоби Зукурро дорад; гумонаш, ки умре хоб накарда, тамоми шабҳову рўзҳо ҳамин хел азоб кашида, айём дар ғурбату кулфат ба сар бурда бошад, ҳаваси хоб дорад, аммо тани ноҷўр, вараҷаи бадан, хотири парешон хоб парронда... Ў сар бардошт; аз таксарии пасти пўсти қаткарда сар бардошта ҷониби Зукур нигарист, ки дар торикӣ хобу бедории ўро муайян мекарда бошад. Ба Зукур нигарист, аммо надонист, ки барои чӣ менигарад. Ба «хезу оташ гирон» гуфтан рўяш нашуд, ба пахш карда куштан зўраш нарасад. Боз ларзид аз чунин андешаи ба сар зада... Якпаҳлў гашта, вазн бар оринҷи рост андохта ва кафи даст зери баногўши рост муттако гузошта, ба Зукури ду ваҷаб дур хобида нигарист. Аз дароз-дароз нафас кашиданаш пайдост, ки рўболо мехобад. Хизмати хирсонаи Ваҳшӣ айни муддаост, аммо мадор надорад...
— Ув-ва! Ув-вув вув-ва!
Аз ҷониби Зукур ҷавобе нашуд. Ваҳшӣ пай бурд, ки дигар садо карда наметавонад, ин дафъа садо кунад, дандон ба дандон мезанад, шояд Зуккурро шод ҳам кунад. Пас дам ба дарун гирифт, ки Зукур аз ҳолати ў бохабар нагардад. Аз ин рў дандон ба дандон монда, ангушт мушт карда, пўстакҳои по ба пову даст ба даст бастаашро аз рўй афканда, хестанӣ шуд ва зиёдтар хунук хўрдану ларзишро дониста, аз баҳри хештан гузашта, боз пўстак боло кашид, сар зери он гирифта, аз нафаси хеш гарм шудан хост.
Аз роғи пўстак ҳавои хунук медаромад, пашми пўстак аз байни мўву риш гузашта, ба рўяш ғашовар мерасид; зиёдтар бўи он – бўи хоку заҳу пўсти ошнадода. Ваҳшӣ танҳо ҳамин шаб – ин лаҳза пай бурд, ки зиндагӣ чист, тани дуруст чист, як инсони танҳову бекас чӣ одам аст ва ҳатто ҳамроҳи бегона ва дардноошно чӣ ҳамроҳест.
Вай чандин соле, ки яккаву танҳо буд, аз танҳоии худ, аз бекасу кўй будан нанолида, аз чунин рафтораш, аз ваҳшӣ гаштанаш, аз бенаслу насаб монданаш пушаймон нагашта буд, аммо дар ин шаби тор, ки ҳамроҳ дораду дар танаш чӣ бало ҷой шуда, дасту дили ўро аз ҳама чиз шустааст, месўзад... Дар дил ҳамин қадар армон дорад, ки аз дасти ин бачча намирад...
— Зу-зу... Зу-зу-зу...
Аввалин бор номи ўро ба забон овардан хост, нашуд: ларзаи танаш имкон надод, ки вай номи ўро гирифта, бедораш кунад.
Пасон даст ёзид. Якбора паҳлў гашта, дасташ ба сари синаи Зукур бархўрд ва ў тарсида «Ваъъъ!» гўён парида хест.

пешина
аз 429
навбатӣ