Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Рўтона Бўалӣ бинад, ваҳшиҳо! На аз девона мегардеду на аз мочахар!
Сурфаи Ваҳшӣ ўро ба худ овард ва Сангиной гумон кард, ки вай суханашро шунид; «ваҳшиҳо!» намегуфт, беҳтар буд, хоҳ-нохоҳ ғўл ин ҳарфро ба худ мекашад. Сангиной лаҳзае дар ҳолати ногувор монд ва нигарон буд, ки худро ба ҷойи ториктаре мекашид ва якбора, гўё пешакӣ машқ карда бошад, пеш омада арз кард:
— Ман меравам, Абўзукур танҳо... Дар паҳлўи ғор як пишаки ваҳшӣ ҳаст... Аз вай пишак метарсам...
Сангиной безобита шуд. Ба пойи хеш нигарист, вале гуфта натавонист, ки мўкиҳои падарро пўшида омадааст ва нагуфт, ки мўкиҳоро пўшида омада буд, то ба Зукур диҳад...
— Ман ҳам меравам...
— Роҳ дур, хаста мешавӣ...
— Не, хаста намешавам...
XVII
Сангиной фарози поёни ғорро базўр баромад, аз дунболи Ваҳшӣ кашола шуда, ҷон дар кафи даст, баромад. Азоб кашид, сахт азоб кашид, аммо гумон кард, ки чунин азоб аз азоби рўҳии аз талху пичинги одамон кашида сабуктар аст; ў на танҳо барои роҳ қувва сарф мекард, балки қуввату мадорашро бештар андешаҳои мавҳум мегирифт: ҳама роҳ андеша дошт, ки ана-ана Ваҳшӣ рў гардонда, ба ў чизе мегўяд ва дармеафтад, аммо Ваҳшӣ роҳ тоза мекардагӣ барин ҳама вақт панҷ-даҳ қадам аз ў пеш гашта, дур мондани Сангинойро дида ва ё пай бурда, бозистода нафас рост мекард ва аз нав қадам пеш мегузошт. Сангиной аз дунболи ў кашолу молон мерафт, вале ба ин марди хомўш чизе намегуфт, монда шудам, рафта наметавонам, намегуфт... истода-истода боз қадам мезад; дар барф фурў рафтан, миёни сангҳо ғўтидани пой, дар адирҳо ғелидан зиён ё аҳамияте надошт. Ў медид, ки Ваҳшӣ хирсвор андаке ба пеш майл карда, яккаш фарозро мебарояд.
Сангиной намедонист, ки ин фарози охирин аст ва дамгардону зонушикан онро баромада, дар ғори калони амбалӣ дам гирифтан имкон дорад...
— Биё, расидем!
Баргашта ба имои даст мефаҳмонад Ваҳшӣ. Ва Сангиной андешаҳои дар хусуси Ваҳшӣ доштаашро қатъ карда, симои Зукурро пеши назар меорад, то чӣ ранг ўро бипазирад. Тасаввур кунад, ки рўи ҷогаҳ хобида, баробари аз даҳони ғор дохил шудани ў сар бардорад ва бо табассум «Омадӣ?» мегўяд ва барои ба чунин рўз афтиданаш хориаш омада бигиряд. Пас Сангиной сари ҷогаҳи ў нишаста, сару рўяшро молида, дилдорӣ кунад: «Хафа нашав, мегузарад, ҳамааш мегузарад, чунин рўз ба сари мард меояд...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор