Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ҳамин хел қабул кард Сангиной ва наёрист, ки сўи рахти ҳезум рафта поҷомаашро гирад, лекин гирифтан лозим буд: дар ҳар сурат, ҳатто ў худкушӣ кунад ҳам, аввал эзор пўшида, сонӣ ин корро бояд бикунад, вале андеша мекард, ки ба Ваҳшӣ чӣ лозим буд чунин корро кардан?
Наход миёни Зукуру ў манша ва хархашае шуда бошад? Наход барқасд шуда бошад ин кор? «Ҳар чӣ бодо, бод!» аз дил гузаронд Сангиной ва бархоста ҷониби ҳезум рафт, вале наёрист, ки даст ёзида, поҷомаро гирад, гумонаш, ки даст ёзад, касе ба банди дасташ занад ё нагир, гўяд. Ў ба поҷомаи хушрў паҳн карда зеҳн монда, аз дил гузаронд, ки касе баҳавсала онро сари шохчаҳо гузоштааст. Аз шерозаи он дошта кашид ва дид, ки ба шох часпида, медаррад, ба нўги пой истода, онро аз шохчаҳо раҳо кард ва саросема рўи хок нишаст, башитоб пўшид ва аз хаёлаш гузашт, ки кори Зукур аст. Зеро паси оташдон, рўйи сангҳо пайтобаҳои ў низ паҳн карда шуда буданд... Сангиной пайтоба ба пой печонда, мўкиҳоро пўшида, бархост. Мехост ҳар чӣ зудтар аз ин ғори касофат бадар равад. Аммо хаёле ўро боздошт: хост як бор ба рўйи Зукур нигоҳ кунад...
Барфи тоза, ки ҳоло ҳам меборид, комаи шабона кофтаи Ваҳширо пур кардааст. Сангиной хост барфро канора карда бинад, ки Зукур зери он хобида ё на. Дар равшаноӣ бинад, ки дар ҳақиқат мурдаи ўст ё каси дигар... Вале боз ҳама пастиҳои Зукур пеши чашм омад, кирдори Ваҳшӣ алам тоза кард, дандонҳо ба ҳам фишурда шуданд, фарёд задан хост; Зукурро дашном доданӣ ва ба рўяш давиданӣ буд... Ва дарёфт, ки ў чизеро намефаҳмад, дарк намекунад, намешунавад, намебинад, ҳамааш беҳуда аст. Ғазаб кард, дандон хоид, илоҷи корро наёфт, як лагад зад барфро, барфе, ки зераш Зукур хобида буд. Аламаш боло гирифт ва рўи мурдаи ў пой кўфт; зад-заду дил хунук кард ва дод зада якбора аз ғор бадар рафт... Ақлбохта нишебиро метохт...
...Куҷо рафтанаш маълум нест, бояд бимирад – аз рўйи аҳдаш, аз рўйи нияташ бояд бимирад; рўйи барфзорон миёни кўҳсорон, даруни об – дар ҳар ҷое мирад, фарқ надорад, бояд бимирад, то чашми пайвандон ба рўйи ҳароми ў наафтад... Дилаш фишор хўрд, ин қадар ҳавои тозаи кўҳистон камӣ кард, ҳавои полоидаи барф нафорид, дилаш танг шуд, гўё касе онро миёни панҷа фишор медод; ҳарчанд пайтобаи хушкида ва мўкии нампарида ба пой кашида буд ва ҳавои нарми барфрез чандон таъсир надошт, дилаш фишор меёфт, вале ҳамон лаҳза ҳам намефаҳмид, ки дил ба танг омада; ҳаво намерасад, нафасаш мегардад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор