Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сангиной аҳд кард, ки об наёбад, дар барф ғусл мекунад. Барои ин хамие лозим, ки аз даҳонаи ғор натобад, зеро ў гумон мекунад, ки Ваҳшӣ дар ғор аст, ҳама рафтори ўро мебинад. Паст рафт, то ҷое ки шахи паҳлўи чап кашол мешуду як табар зада буридагӣ барин қатъ мегардид. Бармолаи домани кўҳ то сой мерафт, Сангиной то зону ба барф ғўтида поён рафт, об ёфт. Саросема шуд: ба пас нигарист, ба атроф нигарист... чунон бекасу ором буд, ки дар гўр шояд чунин оромӣ нашавад. Саросема либос кашид. «Чӣ фарқ дорад, ки аз сармо мурам ё аз дасти Ваҳшӣ?...» Синаҳо пўшид бо дастон, ба назар онҳоро оғўш мекард, пағаҳои барф ба сару дўшу тани бараҳна расида, ҳаловат бахшиданд ва аз ҳарорати бадан об гаштанд. Пойҳояш хунук хўрд, ғайрати ба об даромадан надошт.
Даст зада об гирифта рўй шуст, ба китфон пошид, дандон ба дандон мемонд, то наларзад. Пойи рост ёзида ба об тар кард, фурў дод ва ҳамон зайл лағжида ба об даромад. Аз сармои тоқатфарсо зуд баромад. Оби танаш шорида барфро сўрох мекард. Бо рўймол танашро пок кард ва осемасар либос пўшид: дир-дир ларзида, дандон ба дандон зада, рўйи барф нишаста мўкӣ пўшиданӣ буд, ки дастонаш ногиро шуданд, пайтобаро печонида натавонистанд; ҳам ҳаяҷон, ҳам сармо ба вай таъсир карда буд... Миёни барфзор, миёни кўҳсор махлуқе ҷунбуҷўл дошт, ки ба мурданаш ҳазор бор розисту мурда натавонад, вале пай набарад, дарк накунад, ки барои чӣ мурда наметавонад, пасон ба Офаридгор ҳавола кард, ки умраш то ба имрўз кўтоҳ накарда будааст; мазмун, умрашро дароз карда боз азоб доданист ва аз ин ҳам сахттар рўзҳо дар пешанд...
Бо азобе мўкиҳоро пўшид, аммо рўймолро баста натавонист; рўймоли тари дар рўйи барф чармосо гаштаро баста натавонист.
Рўймол зери каш гирифт, то нарм гардад...
Танаш тафс баровард, гарм шуд, ба сару рўяш оташ давид ва фикраш ҳам кор кард, ки ҳалол гашт, тоза шуд. Танаш тоза шуд, аммо дар дилаш кароҳате буд. Барои тасаллои дил тан покиза кард, дар асл ба мурдорие ғўтида тобад, ки бо шустан пок нашавад.
Акнун ҳайрон, намедонад, ки чӣ кор кунад – равад ё истад?
Намедонад рўз то куҷо рафта. Лаби об ҷунбуҷўли зиёде кард, рўз аз нисф гузашт, ҳиммати рўзи кўтоҳ ҳамин қадар аст. Фаҳмид, ки беҳуда кард: ба ҳамон шасте ки аз ғор баромада буд, мерафт, роҳ нисф мешуд. Ҳоло рўйи пайроҳае, ки барф кўрроҳа гардондааст, музтар аст, надонад, ки ба роҳи кўтоҳи пешбаста равад ва ё таваккалан ба бероҳаҳои тўлонии пуразоб барояд... Касони содаро зиндагӣ дар чорсў ҳайрону музтар созад, то ба ҳолашон мурғони ҳаво гирянд, осмону замин хандад.
Ҳама чиз норавшан: мурдани Зукур, рафтори Вахшӣ ва ў чун тавонад чизе нафаҳмида баргардад. Дар зери пардаи рез-рези барф як доираи танг ба чашмаш тобад аҳён-аҳён: қуллаи рў ба рў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор