Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сангиной зузаи сагро шунавад, рўйи барфи боғ ғунча хобида, уллосро шунида аҷабаш ояд, ки чун ба ин ҷо расид. Гумон надошт, ки то рахна мерасад; фикр накарда буд, ки аз рахна мегузарад... Вале фикри асосиро фаромўш кард – омадани намояндаи комиссариатро. Гўё ин фикр раҳораҳ зарра-зарра дар мағзи сараш ях баста, фаромўш шуд... Сапедадам саг аз зуза бозмонд, назди Сангиной омада думак зад: «Ҳама балоро дур кардам». Чунин дарёфт думакзании онро Сангиной. Вай дергоҳ ба саг нигарист, аммо дўстдорӣ накард, зеро ба дилаш намеғунҷид. Андеша дошт, ки ба зодагон чӣ ҷавоб медиҳад, чаҳор шабонарўз ғайб зад... Аммо хаёли ўро садои гиряи занону гиряи марди пир пароканд. «Боз касе аз ин дунё рафтааст». Ба ёди Сангиной наомад, ки кӣ бемор буд, баъд сўйи саг нигарист: «Ҳозир бемор нашуда муранд, афтанду муранд.» Ба назари ў ҳамин хел мурданд мардум. Дар асл хеле азоби гуруснагӣ кашида, хокхўрда барин зард гашта, варам карда муранд ва ба назари Сангиной расид, ки ўро дўш дар кўча дида буд, имрўз мурда... Дар дилаш равшание падид омад, ки модараш дар чунин рўз ўро ҷанг намекунад; дар чунин рўз золимон низ раҳмдил мешаванд.
Бархест. Аз рўйи барфи сард, ки паҳлўи чапашро карахт карда буд, бархест. Ба гўши чуру чашмони тези саг нигарист ва дарёфт, ки ҷонвар чизе мехоҳад; ё донистан мехоҳад ва ё гуфтан, вале безабону ноилоҷ аст, чунон ки Сангиной дар зиндагӣ...
— Куҷо гум шудӣ, берўзӣ? – баробари назди дари ошхона пайдо шудани Сангиной дов кашида пурсид модар. Аммо Сангиной лаб газид, даст ба даҳон пахш кард, то ҳарфи ноҷое набарояд ва ҳайрон монд, ки чаро модараш аз рўйи калтача миён сахт печонида бо фўтаи дарози азо.
Бадани Сангиной ларзид, овозаш ларзид, вале чизе пурсида натавонист. Мехост пурсад, ки ба мурдаи кӣ чунин азо пўшидаанд, наход мурдаи Зукурро оварда бошанд, аммо имкони пурсидан наёфт: модар аз ў мегурехтагӣ барин зуд хона даромад ва либоси азо аз тан канда буромад.
— Куҷо мегардӣ, сарсахт?
Аз ҳамаи азобҳое, ки Сангиной кашида буд, ин ҳарф сахттар омад. Сангиной медонист, ки ў берўзист ва сарсахт, аммо аз забони модар шунидани он талхтар аз заҳр ва гаронтар аз кўҳ буд, бо вуҷуди он хафа нашуд.
... Модар якбора чанг зада аз мўяш дошт ва ба тахтапушташ кўфт. Кўфт-кўфту якбора сар дод ва паҳлўи дари ошхона нишаста гирист... Сангиной зайле, ки модар пуршаст пахш карда буд, девонаавзоъ менишаст, гунаҳгорона менишаст ва медонист, ки гуноҳаш азим аст, чунон азим, ки рўйи хишт истода то об шудани хишт шўяд, шуста нашавад.

пешина
аз 429
навбатӣ