Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ин кори ту, Боҷўра!
— Билло, не!
— Чӣ хел билло не?! Дидӣ, занак вай шудас!
— Ваҳ-ҳа-ҳа! – механдад ў «вай шудас»-и онҳоро ба таври худ фаҳмида.
Пасон маълум мешавад, ки онҳо ин корро аз дилхушӣ намекунанд: вақте ки онҳо мисли Боҷўра баъди ханда дар ҳолати нобоб монда, гиристан мехоҳанд, ғамбодаи гулўро дур ва ғубору занги дил тоза карданӣ мешаванд, сабаби рафторашон маълум мегардад, маълум мегардад, ки сари дилашон пур шудааст, ба ҷуз гиря, ба ҷуз марг чизе онро холӣ карда наметавонад. Онҳо чунон ки ханданд, ҳамон хел кор кунанд, чунон ки зери бори гарон мондаанд, ҳамон хел гирянд; хандаашон ҳам ҳасрату армон дорад, гиряашон ҳам.
Ҳамин ҳазлу чунин шўхӣ сабаб шуд, ки Сангиной дигар дар чашми мардум натобад ва акнун ки сабаби дилбеҳузуриро пай бурд, аз чашми модар ҳам гурехтан хоҳад, аммо модар кайҳо ин сирру савдоро донад ҳам, лом нагўяд. Ў донад, ки девонагиҳои Сангиной аз барои Зукур аст ва агар обистан шуда бошад, аз ў шуда... аммо оқибати ин корро андеша мекунад: вақте ки миёни мардум миш-миш мешавад ва боз аз район – Комиссариати ҳарбӣ, аз идораи ҷамоат намоянда омада, шиками дамидаи Сангинойро дида, бозпурс кунанд, кор чӣ шавад? Ба модар вазнин тобад ин кор, аммо барои Сангиной ташвиш дигархелтар: ў дар бораи Зукур фикр накунад, фикри ў дар бораи худашу Ваҳшист; донад, ки намояндаҳоро ба ғор бурда, мурдаи Зукурро нишон дода, бордории худро гуфтан осон аст, вале баъд умре азоб кашидан саҳл нест... барои ҳамин ба дуздида нигоҳ карданҳои модар эътибор намедиҳад. Медонад, ки модар қатори дигарон ўро як девонаи Худо донад, на зиёд; аз ин рў хобу хўроку орзуву армони ў хаёл, фикру андеша шуда: зону оғўш карда, манаҳ бар зону гузошта, хаёл кунаду хаёл, аммо илоҷи корро ёфта натавонад.
Дилаш ба чизе рафт – ба гўшти зери барф, ки Ваҳшӣ ба сихчўбҳо кашида буд; дарёфт, ки ба чӣ сарторик шудааст. Ғамӣ гашт...
Бояд ба ғор рафт, бо Ваҳшӣ рў ба рў шуд, гўшти хирс пурсид,..
даҳшат! Дар деҳа истода натавонад, ба ғор рафтан нахоҳад, зистан душвор, мурдан аз он душвортар; намедонад чӣ кор кунад?
Сангиной ғайб зад. Беному нишон ғайб зад. Падару модар хуб мунтазир шуданд, ў барнагашт. Пасон модар гўшаҳои сандалипўшро бардошта, хонаро рўфт ва дар пешайвон ба офтоб нишаста ба хаёл рафт: «Ў дигар барнагардад». Пасон ба шў рў овард:
— Ў барнамегардад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор