Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў сар хам кард, гунаҳгорона сар хам кард... маккорона буд. Дил кард, ки даст ёзида сару рўи ўро молиш диҳад, ором гардонад ва бо ин роҳ донад, ки то чӣ андоза занак ба ў рағбат дорад, вале бо ҳама ваҳшигариаш гумон кард, ки рафторҳои занак макру ҳиял аст ва дар паси чунин рафторҳо коре ҳаст... Бархост. Ба пайроҳаи паҳлўи гўрҳо нигарист, ки ягон кас меояд ё не...
Сангиной гўшти дасташро рўи дастархон бозгузошт, вале намедонист, ки як газ гўшти дар даҳон бударо чӣ илоҷ кунад. Гўшти намакини каме обаш гурехта дар даҳонаш об ҷудо кунонд ва ў луобаро фурў бурда, гумон кард каме таскин ёфт, вале гўште, ки ў мехосту он вақт дида буд, хунолуд метофт, нармтар буд ва як навъ бўй ҳам дошт. Ҳоло гўё сер шуд, аз як газ гўшти намакини обаш гурехта сер шуд, метавонад бозгардад... Ҳавсалааш пир шуд, ҳавсалае, ки бояд чун гурги гурусна гўшти хомро мехўрд, пир шуд.
Гўшт аз даҳон гирифт, канор андохт. Хомўш, вале сахт гирист...
— Гиря накун... Тақдир чунин будааст, аҷалаш дар дасти хирс будааст, – гиряи ўро барои Зукур дониста гуфт Ваҳшӣ ва чунон сард буд суханаш, ки ба занак болои мурда – сад чўб расид.
— Тақдири ҳамаамон ҳамин хел, – андаке ҷон гирифта, иддаонамо гуфт Сангиной.
— Чӣ хел? – ҳайрат афзуд Ваҳширо.
— Ҳамин хел – дар кўҳу камар ҳаром мемурем.
Ваҳшӣ ба хаёл рафт, ки занак киноя кунад. Мазмун, ҳама қиссаҳоро медонад ва медонад, ки оқибати кори ман нохуш аст, барои ҳамин чунин мегўяд:
— Ба тақдири ман ишора мекунӣ?
— Не, – ором истод ў ва дид, ки Ваҳшӣ ба чунин ҷавоб қаноат надорад, афзуд: – Немисҳо ватани моро помол карданианд...
— Як бор помол карданд, боз мекунанд? – замони ҷанги гражданиро дар назар дошта гуфт Ваҳшӣ, ки ҷуз ин ҷанг чизеро намедонист ва гумонаш, ки ин ҷанг низ чунон мешавад.
— Не-е, ин дигар хел... на шумо фаҳмеду на ман...
— Нафаҳмиданамон беҳтар нест?.. То аз дасти онҳо мурдана, дар ғору камар мурем, хуб нест?
Сангиной чизе нагуфт, қисмати хештанро андеша мекард, вале намедонист, ки аҷали ў чӣ гуна даррасад.
— Аҷали ман ҳам дар ҳамин ғор аст.
— Чи хел?
— Ягон даррандаи ваҳшӣ омада мекушад...
Ваҳшӣ хомўш монд. Яқин кард, ки Сангиной пичинг мекунад, аз дасти ў кушта шудани шавҳарашро медонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор