Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ кор мекунед шумо? – дод зада пеш омад Сангиной.
— Ту гумон мекунӣ, ки шўятро ман куштам? Кушоям, бубин, ки чӣ хел хирс сару рўю дастони ўро ажғо-ажғо кардааст.
— Лозим не, аз барои Худо лозим не! Ба гузашта – салавот!
Ў белро канор андохт, паҳлўи хоки кандааш нишаст ва баъди хеле вақт, ки Сангиной наздик омада буд, ғур-ғур кард:
— Гуреза ноодам будааст, нокас будааст... гуреза барин одами боақл нест дар дунё, – ва баргашта ба Сангиной нигарист: – Ба кӣ хизмат кунад? Ба бойҳо? Ба онҳое, ки ба зўрӣ хоки ўро, чизу чораи ўро кашида гирифтан хоҳанд? – танҳо аз рўи чизе, ки медонист, ҳукм кард ў. – Кас ба падару модари худ хизмат карда наметавонад, ба кадом каси бегона ғулом шавад? Тавба!... Ба Худо, ҳамаи онҳо хар, ҳамаи онҳое, ки душманро бо нону намак пешвоз мегиранд, хар ҳастанд... Дар дунё ду одами ҳалол буданд, ки ҳарду ҳам аз дасти дарранда ҳалок шуданд: ана вай – гўри бобо, ана ин – гўри набера...
— Чӣ хел?!
— Ана ҳамин хел: номи ваяш – Абўшукур, номи инаш – Абўзукур.
Сангиной даҳонашро пахш кард, то садояш набарояд, ба ҷои садо чашмонаш ҷаста баромаданд... Ў кӣ будани Абўзукурро медонист ва дар бораи Абўшукур зиёд шунида буд ва баъде ки ба хонадони Абўмансур рафт, аз забони ў зиёдтар шунид: Абўмансур ба олами кўҳан вафодор мондани ўро ҳикоят мекард ва ба кофирон сар нафароварда, ғайб заданашро мегуфт... Чашмони барҷастаи ў гўрҳои наву кўҳнаро муқоиса мекарданд, ки якеро сабзаҳои хушкидаи чандинсола ва сабзаи тозадамидаи бехи хасҳо пўшида, дигаре хоки тару тоза дорад, ки вайронаро мемонад...
— Аз тақдир гурез нест... – Сангиной дигар чиз гуфтанӣ буд:
аз Ваҳшӣ пурсиданӣ буд, ки хоки гўри Зукурро боз гирду ҷамъ кунад, аммо аз даҳонаш ин ҳарф баромад; зимни ин сухан қисмати хеш ва қисмати Ваҳширо дар назар дошт, пасон афзуд, ки чӣ рўзе ба сари онҳо меомада бошад: – Хайрият, ки шумо будаед, вагарна мурдаи онҳоро морҳо мехўрданд...
— Чӣ хел морҳо? – ҳайрон шуд Ваҳшӣ.
— Морҳо... морҳои ин ғор...
— Ин ғор мор надорад...
— Ҳа-а, гумонам, ки ҳама ҷо мисли Дашти Морон бошад.
— Дашти Морон ин деҳаи шумо-а? Зукур гуфта буд...
— Не, Дашти Морон деҳаи мо не, ҷои зисти ман... Ман он ҷо танҳо зиндагӣ дорам... аз барои ана ин шуда, – кафи даст ба шикам пахш карда гуфт ў. Ҳайрати Ваҳширо дида, афзуд: – Ҳама медонанд, ки шавҳарам дар ҷанг аст, вале ман дуҷон...

пешина
аз 429
навбатӣ