Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳамин лаҳза пайдо шуд ин ният – баъде ки ширин будани ҷонро аз тапидану ғел гаштанҳои Ваҳшӣ диду донист...
Ваҳшӣ сўхт-сўхту аз заҳри мор варам кард ва субҳгоҳон аз боми паст так зад... Ғел гашт, рўболо шуд, дастонашро ба ду тараф кушода, нафаси охирин баровард... Даҳон воз, чашмонаш кушода, сўи осмон менигарист. Аз миёни сару рўи пурпашмаш ва варами ҷиготу рўяш чашмони тангаш метофт ва танҳо бинии теғкашидааш варам накарда буд... Морҳо мегаштанд ба рўи ў
– морҳо ва морбаччаҳо: морҳо аз рўяш бепарвоёна хазида мегузаштанд, морбаччаҳо гирди чашмонаш, миёни пашмҳои танаш бозӣ мекарданд; ба даҳонаш медаромаданду ба сўрохиҳои биниаш; сар медароварданду зуд бурун меомаданд...
Сангиной чашм пўшиду кушод, чашм кушоду пўшид ва бовар кард, ки хоб нест... Миёнаш сих зад. Ва ҳис кард, ки чизе дар қадаш нишеб шуд; аз рўйи тифлаш хун омад, умеди некӣ нест...
Афгона мешавад тифли ў... Нишаста натавонист, дароз кашид...
зўр зад...
...аммо ёд надорад, ки тифли ў бурун омад ва ё дар андарунаш мурд...
Майи соли 1987

пешина
аз 429
навбатӣ