Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Не, Садаф,– гуфт ў ва чизе дар гулўяш дар монд. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки Мулло Шокир барин мард ҳам гиря карда тавонад. Ростӣ, ба вай раҳмам омад. «Хайр, бударо» гуфта боз хоҳиш кардам. Мулло Шокир, ки то ҳол лаҷоми аспашро дошта мёистод, баъди хоҳишам лаҷомро ба нўгчўбии шинос баст ва бо гардани баста даромада рўи кати зери дарахтони себ нишаст. Ин лаҳза барои ман чандон сабук набуд. Кӣ будани Мулло Шокирро донистам, аммо чӣ хел одам будани Юсуфҷон бароям торик буд.
Ба хона даромада Юсуфҷонро «Баро, назди меҳмон шин» гуфтам.
«Кадоми мо меҳмон?» табассум карда аз ман пурсид Юсуфҷон.
Аммо маълум набуд, ки табассумаш чӣ маънӣ дорад; аз дили соф аст ва ё аз ғараз. «Ту соҳибхонаӣ» гуфтам. Ва ин дафъа вай чизе нагуфта берун баромад. Рафта назди Мулло Шокир нишаст.
Ман аз тирезаи ошхона дидам, ки Мулло Шокир сари зону нишаста пешу қафо худро алвонҷ дода, ба Юсуфҷон чизе гўяд.
Юсуфҷон фақат сар ҷунбонад.
— Ташвиш накаш, Садаф, биё бишин, гап ҳаст,– ба амри пешин ба ман гап зад ў. Ман надонистам, ки бе дастархон чӣ тавр наздаш нишастам... Ҳар се сархам нишастем. «Гап зан» шишаи хомўширо шикастам ман. Мулло Шокир сар боло карда ба қаъри чашмонам нигарист. Дар чунин ҳолат ба рўи Юсуфҷон нигоҳ карда натавонистам, ки авзоаш чӣ гуна буд. Ва дар айни ҳол аз чашми Мулло Шокли ҳам чашм канда натавоиистам. Ҳолате ки ман он вакт доштам, ба гуфтан касе эҳсос карда натавонад...
«Гап зан!» такрор кардам, аммо вай гап назад. Баъд фаҳмидам, ки Юсуфҷон дар ин сўҳбат одами зиёдатист. Лекин ба вай «хез, бирав» гуфта намешуд. Вазъу ҳолро худаш пай бурд ва ба баҳонаи чой ба ошхона рафтанӣ шуд, аммо Мулло Шокир аз дасти ў дошта бозшинонд.
— Гапи ман ҳамин: Тўтиро ба худат нигоҳ дор, Қумриро ба ман деҳ!
Дили ман фарёд зад. Вале чизе гуфта натавонистам.
— Ту маро зиндабагўр накун, Садаф,– боз хоҳиш кард ў. Аз оҳанги гапаш маълум буд, ки дилаш барои ман реш-реш аст.– Қумриро те, ман гирифта барам. Агар не... агар не,– сар ҷунбонда гапашро гуфта натавонист.
— Ту гуфтанӣ, ки фарзанд ширин?
— Не, ман гуфтанӣ, ки мо бояд ҳама вақт ҳамдигарро дида истем. Ман Қумриро бинам, ту Тўтиро.
— Ачаб... Ҳамин фикр пеш ҳам дар сарат буд?
— Шуд,– даст бардошта гуфт ў.– Гапи зиёд лозим не.
— Набошад, аз худи духтарон пурс,– гуфта бархестам.
Мулло Шокир ин дафъа ба хестанам монеъ нашуд, балки андеша карда монд. Вай хуб медонист, ки духтарон ҳеҷ гоҳ ба рафтан розӣ нашаванд. Шояд роҳу чорае андешад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор