Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Очатро овардам, Қумрӣ,– овоз баровард падар, вале ман маънии гапи ўро нафаҳмидам, ки чаро очатро овардам, мегўяд.
Чизе гулўямро маҳкам дошт.
Аз рафтори Ҳурбибӣ, мазмун, падарам раҳораҳ хуб дар гўшаш хондааст, ки табассумкунон омада маро оғўш карда, бўсаҳо гирифт. Вай хурдакак буд, аз оча дида бештар ба апа ва ё ба дутона мувофиқтар. Тўтиро пеши назар овардам, ки қадаш аз қади «очаам» баландтар тобад. Хаёл кардам, ки падар барои хафа нашудани духтар рафта ўро овард, то ҳамроҳ бозию шўхӣ карда маро андармон дорад. Аммо чӣ шуду чӣ монд, ки раги гарданам гирифт; ба амма ишора кардам, то маро ҳамроҳ ба хонааш барад.
Кўдак бошам ҳам, пай бурдам, ки ин ҳама бузбозиҳо аз пушти «аҷуза» аст; агар ў намеомад, модарам баромада намерафт, худам ин қадар азоб намекашидам, падар низ ин қадар сарсону саргардон намешуд. Аз ин рў бозии ў, дўстии ў ба ман лозим набуд. Худаш ҳоло кўдак буд ва барои нигоҳубини ман ақлаш намедавид.
— Рафтем, амма! – имою ишораи маро нафаҳмиданашро пай бурда гуфтам ба ў.
— Сабр бикун, ки акаам чӣ гўяд,– чашм сўи отаму гўш ба фармонаш дошта гуфт амма.
— Гард, амма, отам гап надорад,– гуфтам, аммо гапи асосиро гуфта натавонистам, ки чй хел ман тоқати ин ҷо истодан надорам...
Ҳамон вақт ман омадани ана ҳамин очаи ҷонамро нигарон будам.
(Қумрӣ ба модараш нигоҳ кард).
Ҳамкорони ў низ ба даҳони Садафмоҳ нигаристанд, ки шояд давоми саргузаштро ў гўяд, аммо Садафмоҳ ғайри чашмдошт «Омин, сари душманон ба замин!» гўён ҳамаро ба по хезонд. Вале духтарон мағал карданд. «Давомаш чӣ шуд?» гуфтанд.
— Давомашро очам медонад, бигўй, оча...
— Чӣ бигўм? Хайр, туро отат дуздида бурд. Як ҳафта интизор шудам, як моҳ интизор шудам, наовард.Маҷбур хеста рафтам. Ин қадар роҳро пиёда гаштанро гўй. Янгибозор бошад ҳам, як гапӣ.
Рост худи лаби руди Элак. Зимистон. Беҳтарин пойафзоли занонаи он замон кавш буд. Дарунаш як тарҳ патак ҳам дошт. Ману Тўтӣ ба роҳ даромадем. Ҳамон вақт Тўтӣ, бошаду бошад, даҳсола буд.
Ният: дуздида овардани Қумрӣ, мана ҳамин Қумрӣ... Сухан кўтоҳ:
як рўзи дароз роҳ рафта, аз Янгибозор гузашта, ҷониби Элак равон шудем. Тўтӣ шалпар шуд. Раҳораҳ фикр кардам, ки ман ҳам мисли Мулло Шокир дар дарвоза музтар мешавам. Акнун он ҳавлию ҳарам барои ман бегона аст.. Чашми Мулло Шокир ба мо наафтад, шуд. Бинад, намонда ба хона дарорад, боз бо палонҷҳо рў ба рў шавам. Умеди ягонаам Санам буд. Ўро бинем, шаб дар хонааш ҷой гирифта, сонӣ ба ягон хулоса омадан имкон дошт...
...Дарвоза кушода ва аспи Сиёҳмушкин дар ҷояш набуд. Дар ин даргоҳ саг набуд, ки садо барорад. Мо номаълум ба ҳавлӣ даромадем.

пешина
аз 429
навбатӣ