Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Вай аз ман чизе напурсид, ҳатто напурсид, ки чандвақта омадам ва кай баргардам. «Омин» гуфту хест. Тўтию Қумриро ҳамроҳ гирифтанӣ шуд, ман намондам.
Нақшае доштам, барои ҳамин иҷозат надодам. Дер шуда буд.
Хоб рафтем, вале соатро намедонистем, ки чанд аст, таваккалӣ вақтро муайян кардам. Парешон хобида будам, як ғанаб кардаму хобам парид. Хеста берун баромада, ҳавлии даруну берунро хабар гирифтам... Ҳама хоб буданд. Фурсатро ғанимат дониста, даромада Тўтию Қумриро бедор кардам. Хоб ширинӣ карда бедор нашуданд. Ғазабам омада, бар қадам баробар бардошта, ба замин занам, аз рўзи ба сари Ҳалима омада метарсидам... «Хайр, мон, янга, рўз шавад»,– хоҳиш кард Санам. «Рўз шавад, акат мемонад?»
Пурсидам аз ў ва аз саволу ҷавоби мо духтарон бедор шуданд.
«Душанбе рафтанро» шунида ҷон гирифтанд. Мо, ки бо сарулибос хобида будем, калўшҳоро пўшида ба роҳ даромадем. Вақти баромадан аспи Мулло Шокир ду-се «ҳи-ҳи» кард. Парешон шудам, ки шиҳаи аспро шунида, берун барояд, корро бало занад. Дар ин дили шаб як мағале ба миён ояд. Аммо Мулло Шокир масти хоб будааст, ки набаромад.
Хунук буд, хунуки чиллаи даймоҳ. Мақсади ман, ки муайян буд ва бо ҷадал роҳ мерафтам, хунук нахўрдам, балки арақ кардам. Вале кўдакон ва Салимаи ҳамроҳи мо омада меларзиданд.
«Тез гардед, гарм мешавед» гуфтам ба онхо. Ба дашти кушод баромадем. Дар пеш теппае буд. Дар ин барфи арасоти фароз ҷонамол баромад. Ҳар вақт худро ҳақорат мекардам, ки чунин ташвиш чӣ лозим буд. Вале пушаймонӣ суд надошт. Кор аз кор гузашта буд ва ба ҷуз «ҷони худойӣ!» гуфтан, илоҷе намонда буд.
Садои уллоси гургон омад. Дар чиллаи зимистон гургон чӣ ранг мегарданд, ҳудатон медонед. Нўлаву зузаи онҳоро ману Санам фарқ карда ба ҳамдигар нигоҳ кардем ва ба кўдакон нагуфтем, то натарсанд. На пеш рафтанро донистем ва на баргаштанро.
«Тамом» аз дил гузаронидам ва баданам арақе баровард, ки дар умрам ин зайл нашуда буд, ҳатто вақте ки шавҳари авваламро кушта, бо гўшҳои бурида ва чашмони кофта наздам оварданд, ин хел нашуда будам. Вақте ки аз хонаи Мулло Шокир баромада рафта будам, ба чунин ҳол наомада будам, вақте ки «Қумриро дузд бурд» гуфта шарикдарсонаш наздам давида омада буданд, бо ман чунин вазъу ҳол рўй надода буд. Ба назарам либосҳоям тар шуда буданд. «Тамом». Яқин рўзамон тамом шуда буд. Ба ҳар тақдир ин чизро кўдакон набояд фаҳманд. Уллоси гургон наздиктар меомад: «Вай чӣ, оча?» уллосро шунида, пурсид Тўтӣ.
«Бод!» ҷавоб гардонидам. Ў бовар кард, аммо дар ин вақт боде набуд. Ҳама ҷо барф, сап-сафед барф, ва бод хобида буд. Барф ҳам ҳама ҷоро пўшонида, худ хобида буд. Дар сафедии барф ва равшаноии моҳтоб тарҳи гургон дар сари теппа тофтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор