Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Овозаш садои нохуши чугз барин ба гўш расид. «Хўрад!» дилам фиғон кард... «Оча!» суст шудани маро дида овоз доданд онҳо.
«Тозед!» овоз дода натавониста ба ишораи даст фаҳмондам, то онҳо халос шаванд. Вале онҳо бозистоданд, гўё ки гургҳо онҳоро дам андохта аз ҳаракат боздошта бошанд. Гургҳо рў ба рў истоданд. Ман овоз бароварда наетавонистам, балки мурғро «кишк»
мегуфтагӣ барин ба ишораи даст гургҳоро – гургҳои гуруснаро пеш кардан хостам: «Гурезед, наёед!.. аз одамӣ ибо кунед... зарар нарасонед, ки тухматон бехта шавад!..» Ин суханон дар дили ман, дар сари ман буданд, аммо гуфта нашуд. Ман зўр задам, то чизе гўям, садо барорам. ки одам будани моро гургҳо фаҳманд, аммо нашуд; зўр задам, ки чизи гирифта аз гулў паррад, то овозам кушода шавад... Ва яку якбора чунон додам баромад, ки гургҳои гўшчур ва чашм дўхта, чукка нишаста, дум аз рўи барф бардошта ба ҳаракат даромаданд. «Баҳ-баҳ! Ало, баҳ!» номи кадом сагро гирифта чеғ задам ва аз шунидани ин даъват гургҳои девонагашта ба мо дарафтиданӣ шуданд...
..Ва ҳамин вақт дидам, ки аз ҷониби деҳа саворе меояд. «Мулло Шокир» аз дил гузаронидам ва хаёл кардам, ки пешгир омадааст.
Ҷонам даромад, ғайратам омад «ҳоҳ!» гуфтам ҷониби онҳо ва аз чӣ буд, ки мўи баданам бардамид ва бехи ҳар тораи он мурғак давид.
«Ҳо бадбахт, мурдӣ!» ба онҳо фаҳмониданӣ шудам. Як хирсгург афсўс хўрдагӣ барин сар афшонда иринҷос зад ва лаб лесида монд.
Дар ҳақиқат афсўс хўрд, ки гўшти одам насиб накард.
Савор асп монда наздик омада «ҳо-ҳо-ҳо!» садо дод ва гургҳо ба таҳдиду садои ў эътиборе надода аз нав ҷо-ҷо чукка нишастанд.
Савор тозиёна болои сар давр занонд. Аспи бегона буд, савораш низ. Ў рост болои гургҳо асп монд. Гургҳо ба ду тараф тақсим шуданд, асп аз миёна гузашта рафт. Сонӣ аз дунболи асп ду қатора тохтанд. «Гурезед!!!» ҳамин қадар гуфта тавонист ў. Кӣ будани ўро надониста бошем ҳам, ин садо моро ба худ овард. Ҷониби деҳа гурехтан лозим буд, аммо...
Доманаи теппа саҳнаи бузкаширо мемонд. Асп метохт ва гургон аз ду канор дунболи он буданд.
«Гурезед!» дашти барфпўшро як давр гашта боз гуфт савор.
Ва шах шуда мондани моро дида як гапи сахт ҳам гуфт. Мо ба худ омада сўи деҳа тохтем, аммо дили ман нахост, ки ин марди ҷасурро танҳо гузошта равем. «Шумо рафтан гиред» гуфтам ба онҳо, аммо духтарон баробар часпида, маро нагузоштанд. Вале аз он манзара чашм канда намешуд. Гургон ба хашм омада буданд. Аз он ки луқмаро ў аз даҳони онҳо рабуд, қасос гирифтан хостанд. Нагузоштанд, ки аспи ў ҷониби деҳа роҳ гирад, пешгир ва пешгардон мекарданд. Асп дар барф меғўтид, аммо гургҳо болои барфи яхчабаста сабук-сабук метохтанд.

пешина
аз 429
навбатӣ