Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чира мефаҳмам? – гуфта аз ман пурсид, вале ҷавоб нагирифта ба дари хона наздик шуда, кўфт.
Зане дарро кушод. «Меҳмон» гуфт мардак ва даруни дар афтид.
«Раис, ба шумо чӣ шуд?» – занак ба рўи ў хам шуд.
Ман тохта рафтам, ки занакро аз воқеа огоҳ кунам, то натарсад. Занак чароғ афрўхт, сару рўй ва либоси шавҳарашро дида, тарсид.
— Натарс, хоҳар, шукр бикун, ки аз чанги гургон халос хўрд,– гуфтам. Вале занак шавҳарашро монда ба афту андоми ман нигарист ва табъаш гирифта, турш шуд. Чунин қиёфа маро нафорид.
Айби занак не, дар ин ҳангом ҳар кас ҳам бошад, ягон фикр мекунад, ки ин зану баччаҳои бегона бо шавҳари ў чӣ коре дорад ва боз ба ин аҳвол. Ман дигар тоқат карда натавонистам.– Хайр, акаи қиёматӣ, ҳазор раҳмат! – гуфта баргаштам. Занак ба рафтани мо монеъ нашуд ва вақте ки аз дарвоза баромадем, овозаш омад:
— Раис мепурсанд, ки шумо кистед?
— Роҳгузар! – ҷавоб додам ва субҳдам сўи Душанбе равон шудем...

...Садафмоҳ арақ кард. Маълум, ки он рўз ва ҳодисаро бори дигар аз сар гузаронд. Зеро он рўз барои ў, барои духтаронаш, барои Санам ва барои марди ношинос рўзи оддӣ набуд. Он рўз онҳо аз нав таваллуд шуда буданд. «Аз он рўз ана ҳамин Қумрӣ боқӣ мондааст» гуфта Садафмоҳ оҳи бадард кашида хест.
— Апаи Қумрӣ, одам намурад-а? – гуфт Анзурати дароз.
— Ҳа, одам намурад, бисёр рўзҳоро бинад… Касоне ҳастанд, ки умри дароз бинанд ҳам саргузаште надоранд, касоне ҳастанд, ки чил сол умр бинанд хам, нисфи умрашон қиссаю ҳодиса; номашон машҳуру оламгир. Ё қисмат чунин аст, оча?
— Қисмат чунин; ту, ки иисфи умрат дар саҳро мегузарад, ба гапҳои писарат эътибор намедиҳӣ. Ў мегўяд, ки «момо, ман дар мактаби нависандагӣ мехонам ва қисмати тую очамро менависам».
«Фарҳанг» гуфтанӣ ду китоби калонро бардошта омадааст. Ҳар рўз ба ман хонад ва маънидод кунад, ки ҳар гап чӣ маънӣ доштааст…
«Қирон» гуфтанӣ калима будааст. Гўё дар осмон ду ситора ё сайёра (мегўяд) ба ҳам қирон мекардаанд – тарозуи баробар мешудаанд, агар кас дар ҳамон лаҳза зоида шавад, хушбахти дунё мегаштааст.
Рўдакию Ленин барин касон - соҳибқирон, мегўяд. Ва боз қирони наҳс ҳам будааст, акси қирони бахт. Ман аз ў пурсам, ки «мо дар кадом рўз таваллуд шудаем?» мегўяд, ки вақти қирони Моҳу Зўхра. Касе, ки аз галаи гургон халос хўрдааст, аҷалро куштааст, хушбахти хушбахтҳост, мегўяд. Баччаи аҷоиб... Ҳар вақт аз ман хоҳиш мекунад, ки саргузаштамро ба ҳеҷ кас нагўям.

пешина
аз 429
навбатӣ