Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар вақташ гуфта буд: бачча, тоқиро аз сар гирифта хуб фикр бикун, сонӣ назди ман биё...
Маълум шавад, ки ман фикр накарда будаам... Не-е... кампири Садаф, духтарат он қадар порсо не... Хайр... Боз зиндагӣ нишон диҳад...»
Садафмоҳ аз ошхона баромад. Оби таги чойники қарабоиро ба бехи гулбуттаи садбарг рехт ва боз ба ошхона даромад. Ў ба Додхоҳ аҳамияте надод, эътибор надод, ки вай кист, барои чӣ истодааст ва ҳатто напурсад, ки барои чӣ ин қадар номаъқулӣ кард, сабаби девонагиҳояш чист. Садафмоҳ оби ҷўш монду боз ба хона омад. Аз хонаи дарун садои пойгузорӣ ва сурфаи ўро шунида Қумрӣ оҳиста «оча!» гуфт. Садафмоҳ овози ўро шунида дарро кушода сар халонд ва пурсид: «Чӣ?»
— Дастархон бубар, оча.
— Дилат сўхт?
— Не, оча. Вай пушаймон аст, оча, аммо гапашро гуфта натавонад.
— Хайр, чӣ кор кунам?
— Дастархон бубар, оча, чой бубар, гапаш бошад, мегўяд.
— Ўро худат биё гуфтӣ?
— Чӣ, ман ба ту дурўғ мегўям?
Садафмоҳ як бор ба чашмони духтар рост нигарист ва аз корсон нони гарм гирифта ба дастархон печонида берун рафт. На салом гуфт ва на алейк шунид, дастархонро рўи кат гузошта, хомўш суи ошхона рафт.
«Оча!» ин ҳарф то сари забон овард Додхоҳ, вале боз гуфта натавонист. Ў донистанист, ки Қумрӣ куҷо бошад, аммо пурсида натавонад. Садафмоҳ нагузорад, ки вай гап пурсад. Ў бо хоҳиши духтар назди ў дастархон баровард, аммо таги дилаш дигар: тавонад аз вай рўй пўшад. Нияти ба ў гап ҳамроҳ кардани домодро Садафмоҳ вақте фаҳмид, ки чойники чойро рўи дастархон гузошта, сўяш гўшаи чашм карда буд. Донист, ки домод гап ҳамроҳ карданист, дар чойники тафсон дасташ сўхта зуд даст кашид ва саросема ба хона даромад ва то торик шудани ҳаво аз он ҷо набаромад. Чароғи электрикии айвонро биафрўхт, вале чароғи рўи ҳавлиро не.
Додхоҳ дергоҳ нишаст. Чой хунук шуд. Дастархонро накушод, чойро нагардоид, лаби нонро нашикаст. Ё ба қадри худ сўхт ва ё нописандии хушдоман, ки назди гадо дастархон баровардаро монад, сахт расида шому говгум аз дарвоза баромад...

Чароғи пештоқи айвон фурўзон шуд. Садафмоҳ баъди чанд
муддати рафтани домод рўи ҳавлӣ баромад. Қумрӣ низ омада
назди модар рўи кат нишаст. Онҳо бо Додхоҳ не, гўё бо ҳамдигар ҷангӣ буданд, ки гап назада нишастанд.

пешина
аз 429
навбатӣ