Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Шунидам. Кар не!
Занак низ хомўш баргашт.
Ҳаким боз ба Сафар нигарист: «ман дўзам?»
— Ҳаминаш кам буд.
— Набошад молбонӣ равам?
Сафар на «ҳа» гуфт ва на «не».
Ва ҳамон рўзе, ки аз пеши худ молбонӣ рафт, мардумони деҳ ҷўйкобӣ омаданд. Сафари хонакалон надонист, ки чӣ кор кунад; ҳарчанд мехост, ки онҳоро пеш аз кор зиёфате бикунад, аммо дар гўшаи дил ғуборе дошт – аз гапу калочаи онҳо, аз дербоз меравем, гуфта фиреб карданашон, дар дил ғуборе дошт. Аммо ҳоло аз омадани онҳо хурсанд шуд ва хост пеши пойи онҳо хун кунад.
«Ҳалима, рафта аз мол серкаи сафедро биёр! – фармуд ба духтари калонӣ ва илова кард: – Ҳамроҳи Салима рав!»
— Чоруқом даридагӣ, додо.
— Чоруқҳои маро пўшида, рафта, серкаро биёр.
Ва хоҳарон он рўз барои серкаи сафед рафтанд. Гашти пешин серкаи сафеди шохҳояш ба мисли шохи оҳу ҳалқагаштаро каманд бар гарданаш андохта оварданд. Дар гардани серка зангўла забона зада садо мебаровард ва гўё кўҳистони хуфтаро бедор кардан мехост. Мардуми ба ёрӣ омада рўйи марғи паҳлўи хиргоҳи Сафар нишаста аз гуфтугў бозмонданд, гўш ба садои зангўлаи серкаи сафед медоданд, ки дилу нодилон – гардан кашида меомад. Серкаи сафед ҳангоми сар кашида пешопеши мол рафтанаш қоматашро боло гирифта, ҷавлон зада, ба атроф нигоҳ карда, гўё пеши роҳро тоза карда, рамаро аз дунболи худ мебурд. Ҳоло он тавр не: ба назар гарданашро хам мекунад, ки зангўла алвонҷ нахўрад, садо надиҳад, вале аз ресмон кашидани Ҳалима зангўла такон хўрда садо медод; садояш он садое набуд, ки вақти пешопеши рама рафтан мебаромад. Пашми серка ҳамчунон дароз – аз рўзи шуданаш то ҳол қайчиро надидааст, қариб заминро мерўбад, аммо пати мурда задагӣ барин. Ба ростӣ, вай серка барин не, архарро мемонад ва ақл доштагӣ барин рафтор мекунад. Шох, чашмони барҷастаю зинда ва қоматаш ба архар монанд, фақат пашмаш аз серка будани он дарак медиҳад. Вай омад-омаду магар аз одамони зиёд ҳаросид, ки чаҳор дасту пояшро кушод гузошта хеле истод, сонӣ заминро тар кард. Ҳалима рўяшро яктарафа кард, Салима дуртар меистод ва дар даст асои чўпонӣ дошт, ки ба сангҳо задазада, аз дунболи серка сиёсат карда, меомад. Ҳалима чандон ба мардум наздик нарафт. Серкаро ба мехи говбандӣ баста, гардани онро оғўш карда хеле истод ва ба гўши вай чизе гуфт, ки серка гардан тофта ба ў нигарист, сонӣ онро бўсида, сирти пушташро дастмол кард ва чоруқҳои калони падар дар пой даруни хиргоҳ рафт, Салима ҳам. Серкаи сафед аз паси ў нигариста «уууу» гуфт ва тан афшонд. Мўйҳои дарозаш мисли бол гаштанд ва зангўла чунон бетартиб садо дод, ки кўҳистониён дар умрашон чунин садои берабту бемаъниро нашунида буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо