Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳама гумон карданд, ки Ҳалима барои бисёр аз паси мол гаштанаш ва бо бузу гўсфандон унс гирифтанаш ин хел бо серка муомила кард ва ба гўши он видоъ ҳам гуфт, вале надиданд, ки ҳангоми ба хиргоҳ даромадан Ҳалима чӣ зайл ба ҷониби кўҳ нигарист ва дар сари теғаҳо ва ё паҳлўи буттаҳо чӣ пайкареро ҷўё шуд, аммо касеро надида ба хиргоҳ даромад. Ва баъд чунон хомўшу бедарак шуд, ки на садояшро шуниданд ва на сураташро диданд.
Сафар аз хиргоҳ баромад; корд дар даст баромад ва серкаро аз мех кушода назди меҳмонон бурд. Банди чармини зангўларо, ки кўргиреҳ буд, кушода натавониста ба корд бурид, тасмаро ба миёнбандаш баст ва ба ҷамоа рў овард: «Кӣ мекушад?» Вале касе ғайрат накард. «Каллабур ҳаст?» Боз касе ҷавоб надод. Сонӣ як марди сафедмўйи нуронӣ, ки Муҳаммадрасулаш мегуфтанд, паст сурфида аз ҷой хест ва ба Сафар наздик омада корди аз ғилоф кашидаи ўро аз дасташ гирифт, ғилофро ҳам гирифт, кордро боз ба ғилоф андохт, зери каши чап зад, зангўларо аз миёнбанди ў гирифта боз ба гардани серка баст (ин корҳоро ў хомўш мекард), каманди гардани серкаро кушод, сари ўро ҷониби кўх гардонд ва як шаппотӣ ба думғозаи серка зад: «Рав, ҷонвар, рав, ба мол рав!»
— Барои чӣ ин хел кардед, ако? – гўё ба худ омада пурсид Сафар.
— Серкаро намекушанд, ин мисли он аст, ки пешвои қабиларо кушанд.
Сафар нафаҳмид, ки дар ҳақиқат ҳамин хел аст ва ё онҳо маслиҳат карда рафтор мекунанд.
Серка боз қоматашро боло гирифта, ҷавлон карда, ба ёнаи адирҳо нигариста, гўё қадам мепартофт. Помонии он лангар дошт ва дар ҳар қадамаш забонаи зангўла ба девораҳо бархўрда, садо мебаровард. Садои он ба шаху танаҳои кўҳ паҳн шуда, акс дода, сонӣ дар мағзи кўҳсор ҷой гирифта, хомўш мегардид. Серка ба хиргоҳ наздик шуда тан ба намади он молида, ҳамон хел пой тира гузошта як гирди хиргоҳро гашт ва ба дари он қарор гирифт. Вай аз чизе ноумед гашт, ки дар дами дар дер наистода боз гирди хиргоҳ гашт. Аз тибити тани ў дар домони намади сиёҳ як рахи кабудча пайдо шуд. Ҳамин ки Ҳалима аз дари хиргоҳ баромад, серка назди ў қарор истод ва дастону домони ўро бўй кашидан гирифт. Ҳалима миёни шохони вай даст бурда, пешониашро сила кард ва оҳиста ба гўши ў гуфт: «Бубахш...» Ҳамин тавр кўтоҳ узрхоҳӣ кард ва ҳайрон буд, ки чаро ин ҳайвони безабон дастони ўро мебўсад, тани ўро бўй мекашад. Вай-ку онро барои куштан овард, боз серкаи сафед миннатдорӣ карда ўро мебўсаду мебўяд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо