Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Аз зарурат, лаънатӣ, аз зарурат, медонам, ки ҳеҷ гоҳ ба гардани модагов юғ набастаанд, ин аз зарурат... чунон ки аз зарурат солҳои ҷанг занон сина ба кундаи омоҷ тира карда ҷуфт меронданд... ҳама чиз аз зарурат, вагарна модагов ҷуфт накунад ва хару гов ҷуфт набошанд». Ў ба шохи гов зад, вай сар афшонд, ақлаш намерасид, ки гуфтаи одамиро бикунад ва хар, ки ба ҳар фармони одамӣ одат кардааст, баробари «иху иш» гуфтан амал мекунад; гов баробари говрона задан як ҷаҳида сараш гашт, гарданаш тоб хўрд ва ҷуфтак зада аз қатор дур шуд, гарданаш банди тиру юғ чашмонаш ҷаста баромаданд, аз даҳонаш оби сиёҳ рехт ва Қурбон ресмони паҳлўчўби зери гулўи говро бо корд бурид ва юғ аз гардани он бардошт. «Сабил мон, бесоҳиб мон... ҳайвон, заруратро нафаҳмӣ ту... Хаёлаш, ки ман аз хушӣ ин корро мекунам». Вале шохбанди онро сар намедод, чашмонаш боз бар ҷой шуданд, обу кафки даҳонаш хушк гаштанд. Ў аз нав говро зери юғ овард, боз баст.
«Акнун яктаатон лозим шудед, муттаҳамҳо, ақаллан як нафараш ҳам наистод-э, шохбанди говро мекашидед, зоро... Чу! Бош! Их!»
Говрона ба сағрии модагов расид, вай ҳамлаи пеш ҷаҳидан кард ва ҳамон замон таппӣ ба ҷояш афтид. «Сабил мон, зор мон!» Боз юғ аз гардани гов бардошт ва онро кашидаю кушода говрона зад: «Ҳайвон! Ду қадам гардӣ, намемурӣ... баччаҳоям чӣ бақо кард, ки ту кунӣ... Ман ҳам ба ту як парра коҳ тиям, рав, аз куҷое ёфта хўрӣ, ихтиёрат, пеши ман наё!» Хар гўшҳояшро лаққа карда меистод, гоҳ-гоҳ бинӣ меафшонд; гов баъди ин аз Қурбон метарсидагӣ шуд, гурехтан мехост, вале ресмонаш, ки дар дасти ў буд, наметавонист. «Гум шав, гуфтам-ку!» – ресмонро сар дода гуфт ў. Гов бозистод ва ба соҳибаш ҳайрон нигарист; фўки бадвоҳима, шохи аз болои ду чашм ба пеш чуккашудаи вай мардакро ба воҳима овард. «Чу, бош!» – говрона бардошта таҳдид кард, аммо гов наҷунбид. «Дафъ шав!» Говрона зада пеш кард, вале гов чанд қадам монду боз истод ва ба сўйи соҳибаш нигоҳ кард: «Бооо!»
— Бонгатро вақти дигар мегўйӣ, ба ман барзагов мезойӣ, агар назойӣ... – аз сухан боз истод ва боз давом дод. – Каси ба гўшт мегирифтагӣ нест, вагарна ба гўшт месупоридам, ё деҳаҳо ин хел бекас намемонд, ба ягон барзагов иваз мекардамат, ҳатто ба хар, ки ҳамроҳи ин лаққа ҷуфт мекашид.
Қурбон суп-сурх шуда буд, аз сару рўяш арақ мешорид, аз ҳаври даҳонаш маълум буд, ки вай ниҳоят ба танг омада, сардии ҳаворо фарқ намекунад. Юғ аз гардани хар низ гирифт, вале ба ў сиёсат накард, чизе нагуфт, ин лаби юғ низ ба замин хобонд ва хари сукутварзидаро ҳушёр кард: «Их!» Хар қадам зад, гўшҳои хамидаашро бардошта дуртар рафт ва сар ба замин хам кард, то бичарад. Мардак юғи тиру омоҷро миёни замин партофта ба хона баргашт, отангу говронаро пушти бом андохт. «Дигар лозим нестед!» Ба оғил даромада, аз пушти дар белро гирифт ва боз сари замин рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо