Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гову хар, ки ҳоло дур нарафта буданд, баргашта ба ў нигаристанд, вале Қурбон қаҳр кардагӣ барин сўяшон нигоҳ накард. «Ҳайвон, гови худо, гарданкашӣ намекардӣ, корам осон мешуд...» Ў рўй ба Зарафшон, пушт ба такоб, ба побел сар кард, баробари як огарди ҷуфт бел зада рафт ва баъд чапу рост рафта, то бегоҳ аз ин сар то он сари замин расид, чунон арақ кард ва чунон шалпар шуд, ки дар баданаш қатраи об ва мадоре боқӣ намонда бошад. Сари вот нишаст. «Пагоҳ чили Мирзоҳасан, ягон кас меомада бошад?.. Як кас ҳам намеояд, ки одам пурсад, аҳволи онҳо чӣ гуна аст...»
Вале пагоҳ ҳам касе наомад. Он шаб дергоҳ хоби ў набурд; аз ҳаракати зиёд ва ҷўши хун хобаш набурд ва баъде ки ғалаёни хунаш фурў нишаст, марҳам кардагӣ барин хобаш бурд ва ҳамин ки чашм кушод, гўш ба берун дод, ки дигаргуние ҳаст ё не. Мисли рўзҳойи дигар оромӣ ва хомўшӣ. Ў дасту рўй шуста сари қабр рафт, каме нишаст, як хост, ки дарди дил кунад, аммо раво надид:
«Будагӣ гап, мадад карда наметавонанд, баъд аз мурда мадад ҷустан чӣ маънӣ дорад? Акои Мирзоҳасан, ақаллан хунатун обод мебуд, чароғ мемундам, афсўс, ки...» Ва имрўз ҳам як тоба замин побел кард, рўзҳои дигар низ, вале бел аз сари замин нагирифта борону барф борид, замин нокишта монд, «Майлаш, заминро хунук мезанад, мулоим мешавад, баҳор мекорам... Лекин ин хелаш хуб набудааст, танҳоӣ кори осон набудааст... Тавбае, наход ки дар Масчоҳ ба тухми инсон қирон омада бошад, ки як кас намегузарад, рост, ба мулки нообод парранда ҳам пар намезанад, лекин онҳо чӣ ҳол дошта бошанд? Он ҷо низ барф борида бошад...» Ва коре шуд, ки Қурбон чашмдор набуд: ў бемор шуд, лекин надонист, ки аз чӣ ба ин аҳвол гирифтор шуд – аз хунукӣ, гуруснагӣ, бепарвоӣ ва ё бекасӣ; ба ҳар ҳол бистарӣ гашт, табларза гирифт; на оташи қашқарча, на кўрпаю ҷогаҳ, на чойи гарм ларзаи бадани ўро паст карда наметавонист, бистарӣ шуд, акнун аз дар берун баромада наметавонист. «Гўр танҳоӣ шавад...» – сари дар зери кўрпа арақ кардаашро берун оварда мегуфт ў ва боз сар зери кўрпа мекашид.
Дардаш сахт буд, вагарна вай барин марди қайсари сахтҷон ба чунин бемориҳо эътибор ҳам намедод, балки ё табарро гирифта ба ҳезум мерафт, бо зарби кору арақ табро аз тан дур мекард ва ё ҳар рўз як тоба ё як турра замин гардонда сиҳату бардам мегашт.
Дастонашро аз кўрпа берун кард ва ҳамон зайл хобаш бурд. Як дам. Сонӣ ҳис кард, ки арақаш хушк гашта аз нав хунук мехўрад ва пайванди ангуштонаш дард доранд. «Кош ягон кас меомад...
Дар чунин барфи арасот кӣ ҳам меояд...» Боз дастонашро дарун гирифт ва боз кўрпа ба сар кашид. Аз нав тафсид, вале ин дафъа арақ накарда ташна монд, гўё дар баданаш об намонда буд, ки арақ шуда барояд. Оби ҷўш нест, дар сатил оби чандинрўзаи яхбаста ки... вале оби хунук ба ў зарар накард. Ў кўрпаро аз рўй афканда хест, як дўлча оби хунукро дам кашид, як лаҳза рўҳаш ва сару дилаш тозаву равшан гашт ва дере нагузашта боз ба ларза даромад: «Акнун тамом, доруи маргамро хўрдам...

пешина
аз 393
навбатӣ