Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳаа, гумон кардам, ки тамоман омадӣ, ё барои ман омадӣ...
— Барои шумо омадам, ако. Эшонро мемонаму шуморо мебарам.
— Не, ман намеравам, агар ман равам, пиразани ярмӣ тамоман бесоҳиб, дар хонаи худаш ғариб мемонад... Не, ман намеравам...
Эшонро зиёрат кунам.
Ў гирд гашта эшони Одинаро, ки дар кабинаи мошин менишаст, зиёрат кард, ҳолу аҳвол пурсид.
— Тори мошин бароед, ако, дар Палорак ҳолпурсӣ мекунем,
– хоҳиш кард Фарҳод.
Қурбон тори мошин баромад ва баробари роҳӣ шудани он ҳис кард, ки ба сару рўяш боде расид, ки то алвақт пай набурда буд. Ў аз рўйи мошин як бор ҷониби Ярм нигарист, то пиразанро бинад, аммо ў ба чашм нанамуд: «Вақти рафтан хабар мегирам».
Ў ин фикрро аз сар гузаронду аз паҳлў ба ронанда нигарист, ки боз нафаҳмида бошад ва барои чӣ чунин гуфт, намедонад. Сонӣ ба андеша рафт, ки чӣ кор кунад? Мошини тайёр... Мошин тез овард онҳоро, вақти андеша ҳам нашуд, аммо эшони Одинаро куҷо рафтан маълум набуд; хонаҳо маълум, ки чӣ ҳол доранд.
«Дар масҷид мефароям», – гуфт эшони Одина, вале Қурбон хоҳиш кард, ки ба хонаи ў равад, эшон ин «хоҳиш»-ро написандид, зеро ў ҳарфи зиёд ва рафторҳои ноҷоро хуш надошт... Фарҳод кўрпаю болишти ўро пуштора кард, чизҳои дигарро Қурбон гирифт ва то дари масҷид бурданд.
— Ҳама сиҳату саломатанд? Баччаҳо хубанд? – пурсид Қурбон.
— Ҳаа, – маддор ҷавоб дод Фарҳод ва дили Қурбон раг зад.
— Ту донӣ худо, росташро гўй...
— Нағз, ако, нағз... фақат ҳоло ба боду ҳавояш одат накардаем.
— Дар он ҷонибҳо нам нашудааст, мегўянд... А?
— Ҳо, ако, андаке фарқ дорад.
— Ту боз мегардӣ-а?.. Ман гандум диҳам, баройи баччаҳо бубар...
— Агар худатон ҳам равед, мебарам.
— Не, ман рафтан наметавонам, ин ҷо кор дорам, хоҳӣ, гандумро бор мекунам, қурут медиҳам...
— Намебарам, ако.
— Арвоҳи падарат, бар. Кӣ медонад, ки...
— Дилатон ба баччаҳо сўзад, меравед.
— Не-не, ту як кори савоб бикун... ба ту ҳам гандум медиҳам.
— Ман аз сад ҷой гандум меёбам, аммо, лекин шумо бояд...
— Баройи чӣ бояд? Магар...

пешина
аз 393
навбатӣ