Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не, ҳама сиҳату саломат...
Қурбон ба андеша рафт: «Майлаш, гуфти ту шавад, мошини тайёр, хабар гирифта меоям».
... Мошин дар дами дари Қурбон меистод, ҳоло ки гандум дар ҷувол буд ва халтаҳойи қатор паҳлўи он буданд, як-як тори мошин бароварданд, вале ба гандуми хамма даст назаданд.
— Акнун бирав, Фарҳод, ман намеравам...
— Шумо чӣ хел одамед, ако?
— Фуроред, гандуматонро! – ҷаҳл кард Фарҳод.
Қурбон хеле сархам истод ва ба чӣ хулосае омад, ки ба вай рў овард: «Ин хел бошад, гову гўсоларо ҳам бор бикун... Баъд дар Ярм як дам медорӣ, ман бо пиразан хайрухуш мекунам... ва боз...
Не!.. Ба як шарт савор мешавам: мебарию боз меорӣ...»
ГАП ДАР дил

I

Мошин монанди барраи ширмак аз паси комбайн мегашт. Аз хартуми хамгаштаи он гандум чун селоба ҷорӣ мешуд. Комбайн пояҳои гандумро ба мисли аждар дам кашида, дарҳол ҳазм мекарду аз паси худ тўб-тўб коҳ мепартофт. Замин гўсфанди тарошидаро мемонд.
Гандуми тиллоранг аз гармсел мавҷ мезад. Сарҳои пурбори он синонбозӣ мекарданд ва рафта-рафта кам мешуданд. Ин манзара ба офтоби ғуруб, ки абрпораҳоро сўзонда, ҷигаррангу гандумгун мешавад, шабоҳате дошт.
Дар дуродур хонаҳои ҷудогона, вагонҳои алоҳида, ҷо-ҷо комбайну мошинҳои мисли хаймаи лўлиён менамуданд.
Мошини пур аз ғалла бо «дили нохоҳам» аз комбайн дур шуд.
Комбайн бозистод. Аз кабина ду чашм ғурросзанон пояҳои нимбури гандумро пахш карда, пеш рафтани мошинро мушоҳида кард.
Дар назди комбайн пайдо шудани мошини дигар нигоҳи чашмҳоро овора кард. Ғурриши мотор боло шуд ва комбайн боз ба ҳаракат даромад. Аз каҷноваи комбайн ба бордон гандум мешорид, мошинҳо паси ҳам ба зери каҷнова истода, пур шуда мерафтанд.
Комбайн оҳиста-оҳиста каҷ шуда, гандуми нодаравро пахш карда рафтан гирифт. Он чашмҳо, ки ба ақиб нигоҳ мекарданд, ин чизро надида монданд. Садои шофёр ронандаи комбайнро ба худ овард:
— Ээ! Ошиқ шудаӣ магар?
Комбайн бозистод. Чашмҳо ба гандуми зери комбайн дўхта шуданд ва ҳамон лаҳза маҳзун гардиданд. Комбайнчӣ комбайнро хомўш карду фуромада ба атроф чашм давонд ва доси аз эҳтиёт дар паҳлўи комбайн овехтаашро гирифта ба даравидани гандуми баромадгоҳи комбайн даромад.
Шофёр, ки марди тунукмўйлабе буд, мотори мошинашро хомўш карду бовиқор қадам монда, наздик омад. Каме болои сари духтар истода доскашиашро тамошо кард ва зери лаб хандид:
— Камтар ман даравам-чӣ?

пешина
аз 393
навбатӣ