Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Амир-ака, мошинатонро тайёр кунед, ман ба комбайн мешинам!
— Ана он касро гўед, тайёр кунанд, – пичингомез ба Раҳим ишора намуд Амир.
— Мошини он кас пур.
— Хонум, фармонатонро ба одамаш диҳед.
— Ба шумо фармон надодаам. Нахоҳед, марҳамат, роҳ калон, пашша нашавед.
— Худи ту кистӣ, ки ба гирдат пашша шавам!
— Кас даҳонро ҳама вақт шуста наистад, бў мекунад...
— Гапатро дониста зан! Ягон бор лаб расонда дидӣ?
Мағфират бо ситеза сўи мошини Раҳим, ки ба рафтан омода буд, даст бардошт.
Дар мавҷи ғурриши мотор Раҳим овози ўро нашунид. Духтар давиду фарёд зад. Хўшаи паси гўш ниҳодааш афтода ба пояш бархўрд ва андаке аз худаш пеш парида рафт. Хўшаро бардошта нигоҳ карда монд.
Сар бардошта ба ҷои мошин Мағфират чанги мисли ресмони дароз кашолро дид, оҳе кашида хўшаро байни лабонаш гузошт ва рўймоли чангхўрдаашро кушода афшонд. Мўи парешоншудаашро бо рўймол баста, ба баҳри сурхи гандум рўй гардонд, мурғакравӣ ва мавҷи шўхи рақсомезро, ки шамол мусиқии форами онро менавохт, тамошо кард. Худро бемори нав шифоёфта барин ҳис намуд ва дилпур сўи комбайн рафт, ки каме роҳат кунад.
Духтар ба комбайн баромада, пушташро ба девори оҳанини он такя дод ва ба хаёл рафт.
Амир дар кабина дароз кашида буд, пойҳои аз кабина берунаш ба назар мерасид.
Саҳроро торикӣ фаро гирифту дили Мағфират ба тапиш даромад. Ҳарчанд худро устувор гирифта ба атроф нигоҳ кард, чизеро надид. Ба сўи Амир бодиққат гўш дод; шарфаи пояш мебарояд ё не.
Шибир-шибири пояҳои гандумро шунид. Хурроккашии Амир ин наворо халал медод. Ба ҳар ҳол дили Мағфират таскин ёфт. Хост чароғи комбайнро афрўхта саҳрои торро мунаввар кунад, вале аз бими он ки Амир бедор нашавад, аз ин кор даст кашид.
Бо вуҷуди ин Амир бедор шуд. Дар торикӣ чашмонашро молида-молида хамёзаи дарозе кашиду чароғаки сақфи кабинаро гиронда ба атроф гўшу ҳуш дод.
Мағфират аз шуои чароғак худро панаҳ кард. Пояш ба тунукае бархўрду садое баромад. Бадани ўро ларза гирифт.
Амир мисли гурбаи афсунгар аз тирезаи кабина сар бароварда, сулфаи маънодор кард. Мағфират худро далер гирифта чароғи комбайнро гиронд.
Ҳамин дам оҳиста кушода шудани дари кабинаи мошин мисли алмоси тез тори нозуки хаёли ўро буррид ва чашмаш ба Амири аз кабина берун омада афтид.

пешина
аз 393
навбатӣ