Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мағфират чолокона поён фаромад ва байни ду мили булўрии нури чароғ истод. Нури чароғ пеши чашмашро гирифт, чизеро надида монд. Вай мисли ширмоҳӣ байни баҳри нур монда буд. Ба ҷойҳое, ки нури чароғ мерасид, назар давонд, хомўшакҳои зиёдерр дид, ки худро беибо дар мавҷи нур мегирифтанд. Хомўшакҳо худро чирт-чирт ба сару рўи ў мезаданд.
Мағфират онҳоро аз сару рўяш базўр дур мекард.
Ин ҳолро дида Амир қоҳ-қоҳ хандид. Аз хандаи ў хашми Мағфират омад. Чизе нагуфта ба комбайн такя карда истод.
Амир ресмони нурро бурида гузашт. Вале аз он доираи нур берунро дида натавонист. Дандонҳои нуқрагини худро намуда, бо табассуми сохта:
— Машахон, Машахон! – гўён хитоб кард.
Ҷавобе нагирифт. Рўй ба чароғ гардонида буд, ки хомўшаке тирвор ба чашмаш омада зад ва байни сарпўшаки чашми росташ руст шуда монд. Чашмаш сўхт ва бо дастони чанголудаш онро бароварданӣ шуда, ба замин нишаст.
Ҳамин дам Мағфират давр гашта ба мошини Амир наздик шуд ва худро ба кабина гирифта ба калидаш даст бурд: дар ҷояш.
Калидро тоб дод, мотор ба кор даромад.
Амир як қад парида фарёд зад. Мағфират газ монда, мошинро ҳай кард. Амир давида ба мошин расам-нарасам, Мағфират газ доду суръатро зиёд кард. Амир канавор аз паси мошин часпида баромад. Гашти мошин тезтар шуд. Чанги аз зери чархҳо баромада монанди абри сафед ба атроф паҳн гашт. Мошин бероҳа рафт ва ниҳоят дар лаби канале, ки барои ҷамъ шудани оби борон кофта буданд, расида таққӣ истод. Мағфират берун омада қад-қади канал қадам зад ва ҷои мошингузар кофт.
Амир номаълум худро даруни кабина гирифт ва хам шуда,ба рафтори Мағфират диққат дод.
Чароғҳои комбайн ҳанўз ҳам саҳрои тираро равшан мекарданд.
Шамоли сабук аз рўи замин тафти боқимондаи офтобро пеш андохта мебурд, ба ҷигари сўхтаи саҳро об мезад. Ба димоғ бештар бўи пояҳои гандум мерасид.
Нури чароғҳои мошин якзайл ба девори канал бармехўрд.
Мағфират сар-сари канали хушк хеле боло рафту гузаргоҳе наёфта, назди мошин омад. Дари кабинаи кушода мондаашро дошта ба дарун даромаданӣ буд, ки Амир якбора рост шуда, нишаст ва ҳамин дам дасташ ба сигнали мошин расиду овози нофорами он баромад.
Мағфират худро гум карду фарёд ҳам зада натавониста, аз зинапояи мошин ба замин афтид...
Амир аз кардаи худ пушаймон:
— Маша! Маша! – гўён тозон фуромад ва Мағфиратро рўи даст бардошт. Мағфират мадҳуш буд. Амир ба сару рўи бехуни ў зеҳн монд.

пешина
аз 393
навбатӣ