Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фақат баъди андаке фурсат гўё ки ба гўши ў гапи махфие мегуфта бошад, пичиррос зад:
— Шумо нағз.
Раҳим ҳамаашро фаҳмида бошад ҳам, наҷунбид ва ҷавобе надод. Ҳиссиёти ў байни ду абрўяш гиреҳ зад.
Мағфират бархоста берун рафт ва пас аз андаке куртаи сафеди миллӣ, ки одатан шабҳои арўсӣ пўшанд, дар бар омад.
Дар дасти ў сачоқи тар буд. Назди Раҳим нишасту бо он чанги сару рўи ўро пок кард. Раҳим гўё ки хоб бошад, як қад парида дасти ўро тела дод ва ҳамин лаҳза меҳрубониҳои завҷааш ба хотираш омаду дарун-дарун сўхт. Дар зери милкҳои пўшидаи чашмонаш ашк чарх зад.
Раҳим бедор шуд ва чашмонашро молида-молида аз байни ангуштон ба Мағфират нигоҳ кард. Мисли оташаки сарнагун омада чизе ба дилаш расида, сўзонда гузашт, вале муҳаббате, ки дар дил мепарварид, мисли сири ба зарфе давонда рўи он оташи ногаҳониро андуд.
Гиреҳи байни абрўвони ў кўргиреҳ шуд ва чинҳои ҷабинаш як бар даҳ афзуданд. Гўё Мағфират ба ў таронаи муҳаббат мехонду вай ба Мағфират суруди бепарвоӣ. Ҳамин дам дар чеҳрааш гарди гул барин табассум пайдо шуд ва мисли оташе, ки ба нахҳои рўи пахта давад, дар рўи Мағфират сурхие паҳн гашт. Вай сабук хиромида рўи хонаро давр зад, назди Раҳим омаду бо эркагии кўдакона гуфт:
— Шумо ганда.
— Дер фаҳмидед...
— Шумо ганда нею ганда...
— Иқрор мешавам.
Мағфират боз табассум инъом кард. Ҷавон хамёза кашид.

V

Мағфират назди Раҳим нишаста кадом як шаби ба назараш
ширин ва аз ҳама кўтоҳтаринро ба хотир меорад. Ў ёд дорад, ки
дар бистсолагиаш ҳамин тавр болои сари ҷавони хобида нишаста
буд ва айнан куртаи сафед дар бар дошт. Ҷавон гоҳ-гоҳ чашмони
хоболудаи масташро кушода ба ў табассум мекард ва боз хобаш
мебурд. Шаби кўтоҳ торафт дароз мешуд. Вақте шуду шаби сиёҳ
поён наёфт ва ҳаёти духтар ҳамин зайл монд. Вай ҳоло ҳам дар
дили шаб нишастааст, вале ба назараш аз тирезаи хона равшании
моҳтоб даромада, ҷои нишасти ўро равшан мекунад. Дари баромад чунон торик менамояд, ки кас баромаданӣ шавад, ба чизе,
албатта, бар хоҳад хўрд. Мағфират байни фикрҳои мухталиф
монда, чӣ гуна кас будани Раҳимро намефаҳмад. Фақат гоҳ-гоҳе «Раҳим-ака!»

пешина
аз 393
навбатӣ