Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфта мемонад, то аз ў садое барояд, чунон ки аз санг шарора...
Дили Мағфират буғз кард. Назди Соня гузашт.
— Мағфиратҷон, ин қадар худатро азоб надеҳ.
— Ман не, апаҷон, вай...
— Ҳо, ҳар чӣ бозоргир шавад, нархаш боло мегардад.
— Апаҷон, вай ҷавони хуб...
Ҳамин вақт дари хона кўфта шуд. Соня чашмонашро молидамолида назди дар рафт.
— Кист?
— Читу ба шумо дурўғ нагўм, ман.
— Шумо кӣ?
— Нашинохтед!
— Не!
— Читу ба шумо дурўғ нагўм, ман худам. Ҳҳи. Шумо Галяҷон.
— Каси мегуфтагиатон ду ҳавлӣ он тараф... — Соня баргашта ба хона даромад.

VI

Мотори комбайн дар намегирифт. Ду раги хуни чаккаи Мағфират тираквор дамида баромад. Вай гирди комбайнро сад бор гашта бошад ҳам, иллати онро наёфт.
Ҳаво гарм шуд. Хармагасҳо ғингос зада ба сару рўй менишастанд, Рахим бо дастони равғанолуд магасҳоро аз сару гарданаш зада дур мекард, паи сиёҳи панҷа дар ҷо-ҷои рўяш нақш гузошта буд.
Мағфират афти Раҳимро дида хандааш омад, вале лаб зери дандон гирифт ва дарун-дарун дуд кард, ки кор қафо намонад.
Вай якбора суст шуд, ба Раҳим нигоҳ кард, вале чизе нагуфт. Боз машғули кор шуду якбора даррандавор ба Амир нигариста бо овози баланд гуфт:
— Раҳим-ака, ташвиш накашед. Ана бинед: симу ноқилҳоро касе гирифтааст.
Раҳим қоматашро рост карда нафаси бардавоме бароварду худ ба худ савол кард: «Кист он номард?»
Ҳама хомўш буданд. Амир ҳаракат мекард, ки худро холис нишон диҳад. Вале чашмони ў ба кирдораш итоат накарда, «Мана ман» мегуфтанд.
— Шаб ягон комбайнчӣ омада, гирифтагист.
— Ягон кас қасд доштааст.
— Қаровул куҷо будааст, ки...
Оқибат Амир ҳам ғурунгида монд:

пешина
аз 393
навбатӣ