Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Кабк лозим? Кабк лозим бошад, қафаси пушташро ба замин монад, кабк мегирад, – ба кўзпушт будани ў ишора мекард Бозор.
Мустафо хандид ва «Баччагӣ накун» гуфт.
«Ҳм. Ба назари онҳо ман бачча, баччагӣ мекунам ва боз кимчӣ хел рафторҳои дигар. Ман одами бад. Аз гуруснагӣ гурехта панҷа ба шери қисмат задаам... Ё ба гуфти Ориф-фитна бовар карда маро «коргурез» ҳам мегўянд. Барои ҳамин ба назарашон баччагӣ мекунам... ҳмм... Ҳар кас оршинро ба қади худ чен мекунад, вале ҳеҷ кас луқмаро мувофиқи даҳонаш гирифтан намехоҳад; ҳар кас мехоҳад, ки луқма калонтар бошад... Ба рўзи бадам ҷуз амаки Ҳамроҳ касе суд накард, гушна бошӣ, касе як бурда нон намедиҳад, вале ба насиҳату муттаҳам кардан ҳама усто...»
— Ҳеҷ чиз меафтад? – риштаи хаёли ўро бурид Мустафо.
— Меафтад...
— Бо вай пурсупос карда мешинӣ, ҷелая каш! Вай ҳамроҳи хирсу хукҳо гашта одамгариро ҳам гум кардааст, – ба танг омадагӣ барин гуфт амаки Қурбон.
Бозор, ки аз дасти чунин зиндагӣ хун дар танаш беқарорӣ дошт, хост бо мардак манша кунад, вале Мустафо аз чунин қасди ў огоҳ шуда, тавалло мекардагӣ барин гуфт:
— Ба вай гап назан. Вай – алағда. Баччаҳояш гушна. Медонӣку! Баҳор ревоҷ мефурўшад, сонӣ тут мефурўшад ва тирамоҳу зимистон ҳезум... Ҳоло ки кабк лозим шудааст...
— Хайр, айби ман чӣ?..
— Айби ту не, айби ҷанг... Баъд ҳамун кабка сар додӣ, вай девона шуд...
Бегоҳ шуд, ба Работ омаданд. Ҳар кас ҳезум меовард. Амаки Қурбон шохҳои зери бурсҳои мазор рехтаро чида овард. Мустафо, ки сарсону ҳайрон монда буд: «Амак, убол» гуфт. Вай магар ба ҳамин ҳарф нигарон будааст, ки шўрид: «Ба камбағал ҳама чиз убол. Ин ҳам қатори ҳамон». Ў аз зери кашаш пахта канд ва санги шарар ҳам доштааст, ки ба касе рў наоварда оташ афрўхт.
Миёнбандашро кушода, назди оташ гузошт ва гўшаҳояшро боз кард, ки нони даруни он намуд. Бозор девона шуд. Ў, ки аз барфрезӣ то барфхезӣ рўйи нонро надида буд, рўи гарми онро дида, бўйи онро шунида девона шуд. Луоби зери забонашро номаълум фурў мебурд ва вонамуд намекард, ки ба нон пазмон шудааст.
Меъдааш ба дард омад, вале сирр надод. Мустафо ҳолати ўро пай бурд. Ғўлунг баровард. «Пеш биё!» гуфт Мустафо. Амаки Қурбон сурфид. Бозор намедонист, ки ба кадоме гўш диҳад. Мардак аз чашми хўрҷин чойҷўш бароварда ба Мустафо фармуд, ки аз рўд об биёрад. Бозор онсўтар рафта аз кабкҳои дар чўбҳои Работ овехтааш ҷуфтеро овард ва ба онҳо чизе нагуфта, дар равшании оташ пўст канд, лаби об бурда шуста овард ва сихчўб гузаронида рўйи оташ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё