Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хунаш гурехта буд, ки рўйи дастархон гузошт.
Одамони меҳмондор барин рафтор мекард Бозор, гўё сер буд, иштиҳо надошт ва меҳмонон бояд мехўрданд. Мустафо кабкҳоро пора кард. «Ҳаминҳоро мемондӣ, ки мебурдем» як пора нонро назди Бозор монда гуфт амаки Қурбон.
— Боз будагист-дия, – гўё сухани амаки Қурбонро қувват медод Мустафо.
— Нест, – гуфт Бозор.
— Бошад ҳам, намедиҳӣ-дия, – як пора гўшти сари синаи кабкро гирифта гуфт амаки Қурбон. – Надиҳӣ ҳам, майлат, гир нона хўр. Худо медонад, ки кай рўйи нона дида будӣ...
Бозор бовар намекард, ки дар даҳонаш нон мазза медиҳад. Магар оби даҳонаш хушк шуда буд, ки зағораи ҷуворӣ дар даҳонаш қурутак шуд. Ин хел лаззат ва ин хел бўйи хуш доштани нонро танҳо инсони гурусна фарқ карда метавонад...
Амаки Қурбон шохчаҳои аз бурси мазор чидаашро бар оташ мегузошт. Оташ аланга мезад. Работ равшан мешуд. Садои рўд меомад. Вале садои ҷўшидани чойҷўш садои рўдро пахш кард.
Муваққатан пахш кард. Амаки Қурбон чойҷўшро пас кашида аз чойхалтааш каме ҷанбилу забудаи хушку зира гирифта ба чойҷўш андохт ва ба дўлча рехта боз гардонд. Он шаб оташ хомўш нашуд.. Мардак сари субҳ ҳам чой дам кард ва чашми рўз накафида даруни бурсу туғҳои мазорро гузашта барои худ ҷое интихоб кард, ки ба дом афтодани кабкҳоро бинад. Мустафо низ аз пайи ў рафт, вале Бозор наҷунбид. Офтоб ки теғ кашида буд, хеста боз таги мазорро давр гашта, сўйи ҷелаҳояш рафт, ки бари ҷелаҳо як села кабкон сар ба замин дон чида ва аз сармо фахха шуда ё пакар гашта, роҳ мерафтанд. Бозор андеша кард, ки агар ҳамин хел раванд, чунон аз миёни ҷелаҳои кашида озод мегузаранд, ки парашон ҳам ба ҳалқаҳо намерасад. Як кабк рост боло парида баландтар аз ҷелаҳо нишаст ва кабки дигар ҷаҳиду ба замин зад.
Села рамида сарболо гурехт ва фурсате нагузашта боло ҷаҳида ба замин задани кабкҳо зиёд шуд. Кабкҳои эмин монда ба кўҳ рост шуданд. Бозор қоматашро рост кард ва сурфид. Кабкҳои ба адир ростшуда парида ҷониби ҷелаҳои онҳо рафтанд... Ҳамон рўз дар ҷелаи ду нафари дигар як кабк хам наафтид.
— Кабкҳоро те, ман бурда ба орд иваз карда биём, – гуфт Мустафо.
— Дар ин замона кӣ ба кабк орд медиҳад? – ҳайрон пурсид ў.
— Дар дунё холо одами сер бисёр, – таҳдор гуфт амаки Қурбон...
... Мустафо мувофиқи ваъдааш барнагашт. Амаки Қурбон «чӣба наомад?» мегуфту китф дарҳам мекашид, чунон менамуд, ки гардани кўтоҳашро ба кўзаи пушташ мекашида бошад.

пешина
аз 393
навбатӣ