Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Саҳро ҷои бозӣ не. Дар ин ҷо кор кардан ҳунари ҳар кас не.
— Оҳистатар! – бо оҳанги пичинг гуфт Раҳим.
— Калонигариатро ба худат кун. Ман укоат не, ки нозбардорӣ кунам.
Амир қадам ба пеш гузошт, Мағфират ба дили ў неш зада гуфт:
— Сарҳангиро кӣ кунад? Дузд!
— К... к... кӣ дузд? Ш... ш... ш... тўҳмат. Ман рафта арз мекунам. Бо собуни ман ҷомашўӣ накардаед! Шумо ҳазор бидӣ-бидӣ кунед ҳам, борони баҳоред. Ман ҳамаашро мегўм.
Амир сўи мошинаш равон шуд.
— Шумо ба ёрӣ не, ба дигар кор омадаед. Дурўғ гўм, ана кори имрўзаатон шоҳид. Ман ба ҷои калонҳо мебудам, ҷои шуморо муайян мекардам.
— Аввал ҷои худатро муайян кун, – ҷўшида рафт Мағфират.
Ў хост аз кирдори дишабаи ў шаммае гуфта Амирро шарманда кунад, вале оҳи сарде кашиду онро ба қаъри дил фурў нишонд.
— Агар ин кори шуморо газетаҳо фаҳманд, лингатон аз осмон меояд.
Аз ин гап хун ба сари Раҳим заду назди Амир рафт.
— Медонӣ, чӣ, – сарангушташро ба мобайни ду ангушти дигараш гирифта гуфт ў, – Ана ин хел қиссон.
— Ист, ҳоло ба ин гапҳот ҷавоб медиҳӣ!
— Рав! Ба Афлотун арз кун!
Амир ба хоначаи диспетчер наздик омада якбора мағал бардошт:
— Ман дар он участка кор намекунам. Ба ҷои дигар фиристед.
— Барои чӣ?
— Бо одамҳои паст кор кардан намехоҳам...
Дасти Амир номаълумакак сўи дарича дароз шуд. Садои калид баромад. Занак дид:
— Вай чӣ?
— Калид.
— Чӣ хел калид?
— Калиди... шаб... шуморо озор додан нахостам.
— Аз куҷо ба дасти шумо афтид? Калиди комбайн-ку?
Ранги рўи Амир канд.
— Шинохтеда? О, балое! – лабонашро инҷ кард Амир.
— Ин ба шумо чӣ лозим?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо