Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамроҳи ман чӣ кор мекунанд?
— Ҳаминту нагўед-дия.
— Ҳм... м...
Оромии шабона, ки каме халалдор шуда буд, боз ба ҳолати аввала баргашт. Дар канори шарқии осмон абри шутурмонанд ба зайле меистод, ки гўё касе лаҷоми ўро ба пас мекашида бошад.
Раҳим бо теғи чашм ба Амир зеҳн монду шабона ба дари хонаи Соня омаданаш аз пеши чашмаш гармсел барин гузашта рафт.
«Ман ба ҷои ин кас мебудам, рўям дуд мекарду дигар намеомадам – аз дил гузаронд Раҳим, – ё гумон мекунад, ки ҳеҷ кадоми мо хабар надорем».
Раҳим хеле вазнин менамуд. Бо сари хам ба кабинаи мошинаш нишаст ва сукут намуд. Гўё намехост, ки оромии саҳрои беканор вайрон шавад.
Амир паси мошини худ гузашт, мактуберо аз соқи мўзааш баровард ва ба рўи лифофаи он чашм давонд.
Чашмони ў танг шуда, дандонҳояш мисли дандонҳои шағоли ба хашм омада шараққос мезаданд.
Садои комбайн риштаи андешаҳоро барканд. Амир баробари дидани Мағфират тезу оташин ба Раҳим нигарист ва нўги мўйлабашро ба даҳон кашида торҳои онро бо дандон ғўла кардан гирифт. Гўё оташи ниҳонин худро паст мекард ва алам аз бурути хеш мегирифт. Мактуби байни панҷаҳояшро маҷақ мекард.
Мошини Раҳим дар замини ноҳамвор лангар хўрда рафт ва ба ҷои он мошини Амир омада, бо оҳанги дараву кўфти комбайн рафтан гирифт.
Мошинаш пур шуд...
Комбайн бозистод. Мағфират берун омада, чизеро нафаҳмидагӣ барин саллона-саллона пояҳои нимдаравро пахш карда рафтан гирифт.
Раҳим оҳиста қоматашро боло карда ба бори мошин нигарист.
— Мошин пур нашудааст-ку!
Мағфират гандуми нодаравро ба ду тараф тела дода пеш мерафт. Ба назар мисли ташналабе буд, ки ба сўи дарё мешитофт. Ў баногоҳ чашмонашро пўшид, гўшҳояшро дошт ва гўё ки кинаи сахт гирифта бошад, ғел гашта пояҳои гандуми нодаравро мешикаст.
Ҳис мекард, ки орзуҳои ширини ў мисли боди сабуки ошуфта гузашта рафта истодаасту танҳо чанги талхи гандум, ғубори сиёҳак ба ҳалқаш бархўрда, роҳи нафасашро мегирад ва мисли заҳр мечаспад. Ў сулфида роҳи нафасашро тоза карду мисли дилшудае аз байни сарҳои пурсинони гандум ба сўи Раҳим нигарист. Нигоҳи ҳар ду ба хам бархўрданд. Мағфират чунон ошуфта буд, ки гўё гавҳар тум кардаасту меҷўяд.

пешина
аз 393
навбатӣ