Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Чашмаш ба чанги роҳ афтид, ки печ хўрда боло мебаромад.
Ин чанг ўро, ки дар осмони орзую хаёл сайр мекард, ба замин
– ба қароргоҳи худ фаровард.
Мағфират ба тарафи канал, сўи ду-се шохбеди навраста, ки аз ободонии бодия гувоҳӣ медод, равон шуд. Вай бепарво буд, ба пасту боло рафтани об коре надошт.
Баргҳои сабзи нартхои навраси бед Мағфиратро бо рақс пешвоз мегирифтанд.
Мағфират шохчаи бедро дошта ба баргҳои чангхўрда зеҳн монд, озурдадил шуд. Каме худро дур кашида ду-се шохро такон дод. Мағфират ба оби пур аз ҷомаи қурбоққа нигоҳ давонд. Нишаста ба об даст зад: гарм. Ҷомаи қурбоққаро яктарафа карда, рўй шуст ва боз ба баргҳои чанголуди бед нигарист, андаке сукут кард.
Баргҳои зардшуда ба рўи об афтида, қолаб мегирифтанд.
IX
— Ҳэ...ҳҳэ...й Маша!
Ин садо монанди насими форам ба саҳро паҳн шуд, байни замину осмон мисли шуоъҳои вопасини офтоби ғуруб гум шуда рафт.
Мағфират баробари шунидани овоз ба худ омада ба сўи мошинҳо нигоҳ кард ва дар рўи мошин дастҷунбонии касеро дида, аз байни гандуми нодарав роҳ гирифт.
Ба назди мошин расида дид, ки Раҳим ҳоло ҳам нарафтааст.
Ба дилаш ҳисси фахр ғулғула зад ва худро бори дигар ғолиб пиндошта бо теғи абрў сўи ў нигоҳ кард.
— Читу ба шумо дурўғ нагўм, маззаи кор нест-ку! Ҳоло ҳам ин паҳлавон масти хоб! – киноя парронд Амир.
Раҳим эътиборе надода ба хўшаҳои гандуми нодарав нигарист.
Мағфират ба Амир рў овард:
— Мошинатонро тайёр кунед.
Раҳим тоқат карда натавонист.
— Мағфиратхон, мошини ман пур нашудааст-ку!
— Чаро ман «хон» будаам?!
— Бубахшед...
— Бахшиатонро ёфтед.
Раҳим ҳарф назад. Дар зиндагӣ коре, ки ба хубӣ анҷом напазирад, ба худ тарзу рафтори дигар мехоҳад. Агар пеши обро банданд, вай роҳи дигар меҷўяд, ҷаркан мекунаду роҳи дигар меёбад.
Раҳим оҳанги суханашро боз ҳам пасттар кард:
— Охир, ман чӣ хел мошини холиро ронда мебарам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо