Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Нанавис! Умед мабанд! Ман дигар ба назди ту барнамегардам..!»
Дастони ў меларзиданд. Вай коғазро чорқат карда ба конверт андохт. Бо забон ширеши мактубро нам карда часпонданӣ шуд.
Натавонист. Аз ғазаб меларзид.
Мағфират берун баромад ва ба қуттичаи сиёҳ нигоҳ кард. Гўё нигоҳаш қуттии хатхўрро сўрох мекард.
Ў забонаи қуттиро бардошт ва чашмонашро пўшид, лабонашро газида мактубро ба қуттӣ партофт. Садои ба так бархўрдани мактубро шунид.
Ҳамин дам мошине дар назди ў истод. Мағфират лабонашро сахттар фишурд. Чашмони ў ба сўи Раҳим гунаҳгорона дўхта шуданд ва дандонҳояш торафт бар лабҳо фурў рафтанд.
Раҳим пиндошт, ки Мағфират доғи дашноми худро шустанист.
Гузашта рафт. Чанги мошини ў байни онҳо девори азиме шуд.
Мағфират фарёд задан хост. Вале садо набаромад. Чанд нафар ўро гирд гирифтанд. Беҳушона ба одамон нигоҳ карда натавонист.
Дар лаби поёнаш изи дандонҳо менамуд.
Ин дам овози ҷонгудози ў атрофро пахш кард.
— Не... не... е... е... аз они мааан!
Баъд аз паси мошин давид. Мошини Раҳим дар замини ҳамвор ҳеҷ аз назар дур намешуд. Мағфират пеш давиду зери лаб гуфт:
— Чаро ўро дашном додам? Ох... Охир вай... Не... вай бегуноҳ.
Вай – одам... Вай марди бовафо...
Ин дам мактубаш ба ёд омад, бозистод ва бо чашмони ашколуд ба сўи, қуттии хатхўр давид...
XIV
Амир чанги заминро ба фазо мавҷ дода назди Мағфират омад.
Туфашро аз кунҷи лабонаш макида-макида ба гап даромад.
— Читу ба шумо дурўғ нагўм, зане омадааст. Абдураҳимро мепурсад. Номи духтараш Райҳон. Ин ҷо Абдураҳим нест-а?
— Канӣ?
— Ҳоо дар миёндаштӣ.
— Мошинро ба ман деҳ.
— Барои чӣ?
— Лозим.
— Не, – забонашро бароварда гуфт Амир.
Мағфират рўй гардонду чун марди оташнишоне, ки барои хомўш кардани сўхтор шитобад, ҳамон сў давид. Фикраш аз қадамаш тезтар буд.
«Бо ў дасту гиребон мешавад. Фиреб медиҳад. Не-не, ў модар аст, ба суроғи падари фарзандаш омадааст. Ба назди шавҳараш мебарад... Не, лат мекунад, охир ў Раҳимро аз вай рабуданист...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо