Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ғарқи чунин андеша Мағфират ба зане дучор омад, ки дар тан куртаи суфи лаби доманаш бо риштаи сиёҳ мошиназада ва дар сар рўймоли фаранги сабз дошт, аз паси рўймол ду миллаи сиёҳи дарозаш менамуд. Чанд тори мўи кўтоҳаш ба пешонии фарох ҳалқа зада, ба арақаш часпида буданд.
Духтарча сар ба синаи модар бурда гиря мекард. Мағфират рў ба рўи зан истода монд. Чӣ гуфтанашро надонист. Нигоҳи ў ба нигоҳи Амир монанд. Зани кўдакдор ҳамин дам аз дил гузаронд:
«Магар мардуми ин ҷо ҳама ба як ранг нигоҳ мекунанд?» ва рост ба чашмони Мағфират нигарист.
Мағфират ба гап даромад:
— Ситораатон гарм, ҳаминҷоӣ-ку не?
— Не, аз Тоҷикистон.
— Ҳа... ягон кор қатӣ...
— Падари Райҳон, – ба духтараш нигоҳ кард ў, – дар ҳамин ҷо кор мекунанд.
— Ҳа... а! Номашон чӣ?
— Абдураҳим...
Ҳар ду сукут карданд.
Райҳон, ки пистони модарро сар дода буд, чашмони олу барин сиёҳашро аз рўи Мағфират намеканд. Мағфират табассум бахшид.
Духтарча хандид. Ин ҳол ба дили Мағфират оташ зад. Модар ҳайрон буд, ки чаро вай ин қадар фикр мекунад.
— Хайр, пурсуҷў карда меёбем... Шумо хеле монда шудагӣ барин, – омадани мошинро дида ба гап даромад Мағфират.
— Не, ҷони кўҳистониҳо сахт.
Мағфиратро як лаҳза андеша бурд: «Оҳ, чиҳо мегўяд ин зан,
– аз дил гузаронд ў. – Муҳаббаташро меҷўяд, эй дил, мешунавӣ, ки зан аз паси шавҳар омадааст. Аз аҳду вафо гап мезанад, балки ман аз паси шавҳарам мерафтам, тараҳҳум мекард, илтиҷову зории маро ба инобат мегирифт...»
Мағфират ба худ омада, илова кард:
— Шумо аз паи шавҳар ба ҳамин роҳи дур омадед?
— Ҳа... Мактуби охиринашро гирифта...
— Мактуби охиринаш... – гўён Мағфират забон хоида монд.
— Ҳа, – ба таки чашми Мағфират нигарист зан.
— Вай мактуби сохта. Вайро ҷўраҳои Раҳим-ака шўхӣ ба шўхӣ навишта буданд. Муҳаббати шуморо имтиҳон карданӣ шуданд,
– бо овози баланд гуфт Мағфират.
— Аа? – гўён зан қариб кўдакашро аз даст афтонда буд.
Мағфират мошини наздик шударо дида рост ба миёни роҳ баромад. Мошин таққӣ истод. Аз дараш сари Амир намоён шуд.
— Пеш аз аҷалат мурдан хостӣ? – дод зад ў.
Мағфират аз бозуи зан дошта хомўш назди кабина омад, дари онро кушода зану кўдакро шинонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо