Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Худ ба худ табассум мекарду мешукуфт.
— Отам аз Москва омад?
Фаҳмидам, ки саволи ноҷо додам. Ҳама хушие, ки дар рўяш дошт, зардии офтоби бегоҳӣ барин аз рўйи ў парид. Лабонаш ҷунбиданд. Дандон сойид, Дер хомўш монд. Бад нигарист ба ман ва гуфт:
— Омад, то туро гирифта барад!
Сахт расид ба ман. Талху киноя буданашро дарёфтам. Хомўш шудам. Пучидам баданамро, ки чӣ лозим чунин пурсишҳо. Бепадарҳо намурдаанд-ку.
— Оча, чӣ ин қадар ғам мехўрӣ? Рафт, рафт-дия!
Хомўш аст. Яқин андеша дорад, ки ман боақл шудаам, калонҳо барин ҳарф мезанам. Насиҳатвор мегўям. Вале ў чизе намегўяд, ки ман андешаамро давом диҳам. Гўям, ки сар бошад, тоқӣ ёфт мешавад.
Забон мегазам. Модарам чӣ кор карданашро медонад.
Ақли кўтоҳам ба як чиз намерасад, ки чаро падарам хонаи мо намеояд. Шояд шарм кунад, ки мо аз хонааш баромада дигар хона ёфтем; сохтем, ҳама ҷояш дуруст, зиндагиамон ҳам бад нест ва ў ба сари танҳояш ҳар кор хоҳад, мекунад, аз ҳоламон хабар намегирад; кўмак намекунад, очаам аз ў талабе надорад; бегона гашта, аз омадан хиҷолат мекашад. Шояд модарам ба омадани ў розӣ набошад. Ҳамсояҳои нави мо медонанд, ки ман падар дорам, аммо надидаанд. Ва модарам намехоҳад, ки онҳо ўро бинанд, шиносанд. Барои ҳамин давъат намекунад ба хона. Падарам одами ҳабата не, чор кас медидагӣ. Ва намедонам, ки барои чӣ модарам омадани ўро намехоҳад. Агар ў ҳарф мезад, падарамро дашному дуо мекард, ҳоҷати ин қадар андеша набуд, ў хомўш, ҳама вақт танҳо, каси зирак аз ваҷоҳаташ дармеёбад, ки ў чӣ мехоҳад.
— Оча, мактабро мепартоям...
Ў як қад парид, аммо вонамуд накард. Китфонаш ҷунбиданд, баъд афшурд хешро: оринҷи қат ба паҳлў пахш кард.
— Чаро?
— Азоб ба шумо.
Намедонам, чаро ў ҷавоб нагуфт, балки ба ошхона даромад.
Хеле муддат монд он ҷо, пасон табассум дар лабон баромад. Омада назди ман лаби кат амонат нишаст, баъди андешаи зиёд гуфт:
— Не, ту бояд хонӣ. Дар ин дунё ҳар кас бояд худро саришта кунад. Ба умеди кас шудан хуб нест!
Вазъи модарам дигар шуд. Ташвишаш кам метофт. Гаштаву баргашта менигарист ба ман. Чизе гуфтанист, намеёрад. Яқин мекунам, ки дар хусуси падарам ҳарф мезанад, аз номи ў чизе мегўяд ба ман. Пиндорам, ки маслиҳат кардаанд дар бораи ман ва ба хулосае омадаанд, ки хонданамро давом диҳам ё кор кунам.
— Отам чӣ гуфт, оча?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо