Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гумон кардам, ки модарам шартӣ ба рўям чизе мегўяд ё як шаппотӣ мезанад. Аммо ў манаҳ аз зону барнагирифт. Андеша дошт. Лекин намедонам, ки чӣ фикр мекард. Дар хусуси падарам ва ё дар бораи саволи ман. Гумонам аз ман савол мекунад: «Ту аз куҷо медонӣ сўҳбати моро?» Дуру дароз хомўш истодам. Ба забонам омад:
«Аз ҳолататон.»
Намедонам, аз ин ҳарф ў чизе дарёфт ё на, ман мунтазир будам, ки чизе мегўяд. Чизе нагуфт. Мазмун: ин пурсу посух дар хаёлам будааст.
Надидаам, нашунидаам, нахондаам, ки зан барои шавҳар ин қадар ғусса хўрад, хешро чунин дар азоб гузорад, дилтанг гардонад ва аз як дидор ё сухани хуши ў шод гардад. Аз рўйи гуфтаҳо дар замони пеш барои бешўйӣ ғам хўрдан лозим буд, ки баъди сари ў кӣ бонӣ мекунад зану фарзандонро. Шояд беқадр шудани зан дар назди мард аз ин рў бошад ва ё бешўйиро ба инобат нагирифтани баъзе занҳо аз ин нукта бар ояд? Вале чаро модари ман ин қадар гирифтор аст, намедонам. Гўё баробари рафтани шў ҳама чиз аз дасти ў рафта бошад.
— Оча, намедонам, азоби кадомамон зиёд?
— Ту чӣ азоб дорӣ?
— Бепадарӣ аз бешўйӣ беҳтар аст ё батар?
Ў сари маро ба банди дилаш пахш кард, сила кард, паси гўшамро молид, ки одаташ буд барои хобондани ман. Вале чизе нагуфт. Ман хомўш будам, ки ў дароз фикр мекунад ва ҷавоби пухта медиҳад. Муаммо гуфт:
— Калон шавӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ.
Ман калон. Дар синфи ҳаштум мехонам. Аз миш-мишу пичпичи ҳамсинфонам чӣ қадар маънӣ мекашам. Лекин ягон ҳарфи равшан нест. Ҳама гумону пиндоранд. Дар хона гумон мекунам, дар мактаб ҳам. Танҳо аз ишораю ҳаракоти шарикдарсонам пай мебарам, ки дар хусуси ман ҳарф мезананд. Сар хам мекунам, то набинам. Вале муаллима парешон мекунад андешаю пиндори маро.
— Парвона, ман чӣ гуфтам?
Мехезам, ҷавоб дода наметавонам. Механданд шарикдарсон.
Тоқат накарда бадар рафтанӣ мешавам, аммо муаллима аз банди дастам медорад, даст меафшонам, то раҳо гардам, муаллима намегузорад. Метарсад, ки худро ба балое гирифтор накунам, ба қавли рўзноманигорон ба мўд даромада худкушӣ. Муаллима пўписа мекунад, ки мактаби советӣ ройгон шуморо тарбия намекунад, одам шавед, мегўяд, шумо ба қадраш намерасед, ба саҳл гап фўку димоғ мекунед. Мактаб хонаи очатон не...
— Вай ошиқ шудааст, муаллима!..
— Дамата гир, пучуқ! – пўписа кард муаллима Шоқобилро.

пешина
аз 393
навбатӣ