Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сахт расид ба ман. Аз дасти муаллима ба як силтав раҳо хўрда бадар рафтам аз синф ва надонистам чун расидам ба хона.
Назди дарвоза мошини қаҳваранги «Жигули» меистод ва дари дарвоза қуфл буд. Калид андохтам, кушода нашуд. Кўфтам дарвозаро. Касе ҷавоб надод, дарвозаро накушод. Яқин кардам, ки коре шуда бо хонаи мо, ҳеҷ гоҳ чунин нашуда буд. Қуфли оҳании англисии дар дарвоза васл кардаро ба осонӣ мекушодам ва медонистам, ки аз дарун калид монда бошад, кушода нашавад.
Яқин кардам, модарам дар хона. Вале мошини бегона фикри маро дигар мекард, ки шояд дузд бошад андарун. Дод задам, кўфтам ва баромадани ҳамсояҳоро дида дам ба дарун гирифтам ва баҳона овардам, ки калидро дар мактаб фаромўш кардаам, барои дафтар омадам, дар қуфл… Баргаштам, то ҳамсояҳо напурсанд:
— Отат мошини нав гирифтай?
Бозистодам. Вале барнагаштам. Ҷавоб надодам. Гўё нашунидам. Зеро медонистам, ки падарам мошин дошт, вале донистани ҳамсояҳоро фикр накарда будам. Мошини падарам «Москвич», рангаш ҳам дигар – сабз. Боз тозон сўйи мактаб рафтам. Надаромадам. Берун гаштам, ки кай занг мезананд, то даромада ҷузвдонро гирифта баргардам ба хона.
Мошин набуд назди дарвоза, вале дарвоза қуфл буд. Кушодам, дар хона касе набуд. Ҳарос ёфтам. Наистодам дар хона. Беруни дарвоза истодам. Духтари ҳамсоя омад. «Бозӣ мекунӣ?» «Не!» Ў мунтазир шуд, ки дигар духтарон бароянд, бозӣ кунад. Торик шуд, аз модарам дарак набуд.
Омад, дер омад. Хандону шукуфон буд. Ва ранги рўйи маро дида, ҳайрон шуд ва пурсид – чӣ шуд? Чаро дами дарвоза истодаӣ?
— Рўзона омадам, қуфлро кушода нашуд. Як мошин буд назди дарвоза. Мактаб рафта омадам, ки нест. Тарсидам.
— Чӣ метарсӣ, ман дар хона будам, то баромадам, ки аллакай рафтаӣ.
Аз чизе пурсон нашудам. Лозим ҳам набуд. Зеро ў шод буд, ноҷо пурсам, димоғаш месўзад. Ҳар гуна чиз рўйи дастархон меовард, ки хўрам, аммо иштиҳоям баста буд. Худаш сер, чизе намехўрад. Маро «бихўр» мегўяд, хўрда наметавонам.
Зуд бурд хоби модарам. Чароғро хомўш накарда хобаш бурд.
Ман ба чеҳрааш менигарам, механдад. зеботар метобад. Чоки гиребони ҷомаи хобаш якбара шуд, дар рўйи синааш хуни хобида дидам, ҳайрон шудам, сарфаҳм нарафтам, ки чист. «Пагоҳ мепурсам» гуфтам ба худ ва андешае аз сарам гузашт, ки чароғро хомўш кунам, то ў нороҳат набошад.
Хона торик. Оромӣ. Нафаскашии нозуки модарамрр мешунавам. Аз даҳлез садои чик-чики соати электрон меояд ва мияв-мияви гурбаи ҳамсоя, ки аз дар берун монда. Садои мошинҳои роҳ ҳам меояд.

пешина
аз 393
навбатӣ