Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Напурсидам. Сер шудаам аз ҷонам, шояд ў ҳаминро дарк карда бошад. Ё гумон дорад, ки…
— Аламам кам нест...
Медонам алами ўро: падарам… Вале ў дар ин хусус ҳарфе намегўяд. Гўё падарам гунаҳгори азим аст, ўро бева карду маро ятим. Кўйи сахт. Ў ҳам, ман ҳам, таъна мешунавем.
— Чӣ кор карданӣ?
Сар андохтам. Магар гуфта мешавад, ки чӣ кор карданиям. Ба ростӣ, чӣ карданам маълум набул. Гўё чизе васваса карда маро аз хона баровард ва он тарафашро намедонистам, ки чӣ кор мекунам.
Тортанакхўрда барин буд вазъам, вале ҷуръат надоштам.
Чашм расид ба модарам: гиря оғоз кард. Ҳама шодиаш як пул шуд,
— Ин чӣ зиндагист, ки як рўзи хуш набошад?! Кас ба мурдан розӣ!
Киноя донистам ҳарфи ўро. Гўё аз номи ман мегуфт. Гўё ҳама хандаву табассумаш беҳуда буданд: усмаву сурма карданаш аз хушӣ набуд. Не, хушиҳо дошт ў, вале намедонистам, ки хушиаш аз чист. Гумонам хушиву нохушиаш ба падарам вобаста.
— Чӣ гиря мекунед, оча? Ман намурдаам! Отам намурдааст
-ку!
— Кош мемурд Чӣ гуфта мешавад дар чунин ҳолат? Забонам баста. Ба падарам дилам сўхт.
— Оча, оштӣ кунед-чӣ?
— Не, дигар оштӣ намешавад. Ў зан гирифтааст…
Як қадам пас рафтам:
— Барои ҳамин шумо хурсанд?
— Ҳо, барои ҳамин.
Бовар накардам. Гумонам раҳми маро бедор карданӣ буд очам.
Мағзи сарам ҷўшид. Шаби ором ба шаби мағал бадал гашт. Гўё дар куҷои шаҳр як базми бетартиби пурмағал мерафт, ки касе ба барпо шудани он розӣ набошад. Гуё тўйи ҷанҷолии тараф тараф буд, ки арўс ҳазор домод дошту ба яке расида. Аз куҷо чунин андеша? Наход падари ман чунин арўс гирад? Модари парисурати ман – Дурдонаро монда, кадом арўсаки ҷанҷолиро гирад. Бовар намекунам.
— Дурўғ будагист, оча?
— Чӣ хел дурўғ? Ҳамин шаб тўяш.
— Мо бехабар-ку?
«Ҳиҳ!» ин ҷавоби модарам буд. Фаҳмидам маъниашро: «Моро хабар карданаш мумкин не». Боз аз ў бисёр чиз пурсидан мехоҳам:
«Чаро? Чаро? Чаро?» Ва медонам, ки суде надорад, мўҳри хомўшӣ мезанам бар лаб. Андеша мекунам. Ёд меорам ҳарфҳои китобҳои дарсиро: «Мардум дар ҳама солу замона озодӣ ва хушбахтиро орзу мекарданд, вале ба муроду мақсад намерасиданд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо