Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модари ман аз он хушбахтҳо, ман ҳам.» Майнаам гиҷ. Сарам варамкарда. Чун кадуи холӣ ҳув-ҳув мекунад, дигар ба мактабхонӣ қодир нест.
Баъзан хулоса мекунам, ки хушбахт аст модарам: ягон-ягон табассум мекунад: ба хаёл рафта, чизеро ёд оварда завқ мебарад ва ман шод мегардам, ки хушбахт аст модарам… ва нафрат мехонам падарро, ки чунин арўсаки нозанинро ба кадом духтари савдогар иваз кард. Рост будааст, рост будааст ҳарфи модарам, падарам вақти дар Масков хонданаш мудири мағозаи марказиро дучор омада, ошно шудааст ва баъд духтари беваи ў Сулҳияро гирифтааст ба занӣ. Ҳоло падарам аз баҳри хондан баромада, ронандаи онҳо шудааст, мегўянд. Шояд рост бошад, шояд дурўғ, лекин боре падарамро жигулисавор дидам, дар паҳлўяш занаке буд, вале намедонам, ки ў Сулҳия аст ва ё модари ў,. Ман шах шудам дар роҳ. Ў нигоҳ накарда бирафт. Хандон буд, завқ дошт, ба зани дар паҳлўяш нишаста майл оварда хушнудӣ мекард. Ба назари ман, ки такя мекунад ба ў. Аз роҳгузарҳо шарм доштам, ки гирям ва якбора ҷойи гиряро нафрат гарифт. Хашм кардам.
Надонистам чун расидам ба хона. Меҳрам зиёд шуд ба модарам.
Хуб кардааст, ки чунин шўро беэътибор гардондааст. Ғулом гашта падарам ба он занаку ба духтараш... Ва акнун ёд меорам баҳси модараму падарамро: падарам мегуфт: «пул ҳама чизро хал мекунад», модарам рад мекард: «шараф болотар аст аз ҳама чиз.» Рост баромад ҳарфи падарам барои ў: пул гуфта ё моли дунё гуфта, ба доми зани савдогар афтод. Модарам ба чизе имон дорад ва ягон-ягон лаб мекушояд, ки дар олам муҳаббат гуфтанӣ чиз ҳаст ва бо чунин орзу табъашро хуш мегардонад.
Оҳ, чӣ андоза бад дидам он ронандарову он мошину он занакро… Рост будааст ҳарфи модарам. Ҳамон мошину ҳамон занак сабаб шуд, ки модарамро бева, маро ятим гардонад. Акнун шодам, ки ман ятимам. Хушнуд, ки Дурдона барин модар дорам. Мани кўтоҳақл барои чунин падар шуда қариб худро фалах кашида будам. Чашми модарамро хато кунонда ба балое гирифтор мекардам хешро... Гумон кардам, ки модарам касеро дўст дошта, барои ҳамин падарро бад мекунад ба ман. Рўйи ўро пеши чашмонам сиёҳ мегардонад, то бад бинамаш. Ба чашм дидам, бовар кардам.
Кампири ҳамсоя мегўяд: «Ҳаво гирад, хуши хестан намекунам.»
Модари ман гирифта бошад, хуши хўр надорад. Нағмаҳои тоза мебарорад: аввалҳо нўки мўй ба лаб бурда нам мекард, пас ба забон мепечондагӣ шуд, ба нохунхойӣ одат кард, акнун хешро мепучад: гўё барои хоб набурдан мепучад, то бедор бошад, аз коре дар ғафлат набошад. Пиндорам чунин. Вале дар асл дигар андеша дорам.

пешина
аз 393
навбатӣ