Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Маҳмуд дар лаҳади сард хуфта, вале вирди забонҳо номаш. Ба ҳар ранг мегўянд воқеаро, ҳар ранг маънидод мекунанд мурдаи ўро. Вале модарам лом намегўяд. Аз кирдору рафтораш маълум, ки чизеро медонад, аммо намегўяд. Аз кор меояд, ба хонаи ҳамсоя меравад, ҳамроҳи модари Маҳмуд мегиряд, гўё ки ҳамроҳ зойида бошанд Маҳмудро. Сабаб донистан мехоҳам, намепурсам, алами ўро тоза карданӣ нестам. Ягон рўз худаш мегўяд. Ман ба шевани модари Маҳмуд гўш меандозам, ки чизеро дарёбам, вале ў ба ғўрамаргии писар мегиряд, қотилонро дуойи бад мекунад, домангир аст аз рўзгор.
— Оча, агар Маҳмуд намемурд, кӣ мешуд?
— Ҳеҷ кӣ, решаи умраш то ба ин ҷо будааст.
Аввал ба ҷавобаш сарфаҳм нарафтам, баъд дарёфтам, ки дилсард карданист маро. Маҳмуд ҳатўл набуд. Дидадаро буд, баору баномус буд, зирак буд,
— Одами нағз умри дароз намебинад.
Ногаҳонӣ буд ин ҳарфи модарам. Нагузошт андешаамро дар хусуси Маҳмуд идома диҳам. Ба назарам ҳар қадар андеша кунам, аз ин зиёд ҳарфе пайдо карда наметавонистам. Рост: одами нағз буд Маҳмуд ва намедонам барои чӣ то алвақт ин суханро гуфта наметавонистам. Шояд модарам дар ин хусус андеша мекард, ки ҳамчу Маҳмуд писар дошта бошад ва ё…
Андўҳи модарамро ба чизе андоза карда нашавад. Гўё осмон ба сараш фурў рафта ва ў бардошта натавониста зери ин бори гарон нобуд мегардад.
— Оча, ғамат ғами ман аст?
— Чӣ ғами ту?
— Ғам мехўрӣ, ки духтарат рўз намебинад?
— Чаро чунин гумон дорӣ?
— Баъди марги Маҳмуд андўҳат зиёд шуд.
— Не... ғамам ғами худам аст.Ту ҳам рўзатро мебинӣ.
Беҳуда пурсидам. Пиндорам ў мегиряд ба ғами ман, дилдорӣ мекунад маро ва мегўяд: «Ҳар кас насибашро мегирад.» Вале ў чизе нагуфт. Чун пешин нохун хойид. Баъд нўги гўшҳояшро сойид ва пушти дастонашро хорид. Хў-рўҷ кард, мазмун, хоришак...
Рўзҳои охир ба хоришак гирифтор гашта, чизе мадад намекунад.
Сўзандору мезанад худашро. Кўмак намекунад. Ман ба ў гуфта наметавонам, ки малўл нашавад, ғамӣ нагардад. Дар хусуси падарам ҳарфе намегўяд.
Дарвоза тақ-тақ шуд. Модарам баромад ва баъди фурсате садои бад гуфтанаш омад. Касеро носазо мегуфт ва охири суханашро шунидам:
«Парвона ба куртаи ў зор не...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо