Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Донистам дар боби ман аст сўҳбат, набаромадам... Модарам дарвозаро пуршаст пўшид. Садои дарвозаи оҳанӣ садои раъди осмонро мемонд. Гирифта ва нафасаш гашта, фармуд:
— Отайи дилсўзат дар иди занон ба ту курта фиристодааст.
Дигар чиз нагуфт ў. Ман ҳам напурсидам.
Директор ва роҳбари синфамон омаданд ба хонаи мо. Ба модарам фаҳмонданд, ки духтарат ба мактаб намеравад, ин кораш хуб нест. Модарам маро сарзаниш кард, ки ба мактаб нарафта, куҷо меравад? Ба ў фаҳмонидам, ки барои ёд гирифтанӣ чопи мошинӣ меравам.
— Чаро?
— Ту танҳо, мехоҳам ёрӣ кунам, Ў назди муаллимон чизе нагуфт ва ба онҳо ваъда дод, ки мактаб меравам. Боз рафтам ба мактаб, вале пушаймон шудам. Ҳамсинфонам маро дилдорӣ карданд барои марги Маҳмуд. Ҳайрон шудам ва аламам тоза гашт. Чизе нафаҳмидам аз гуфтаи онҳо ва боз баргаштам гирён ва дигар қатъан намеравам гуфтам ба мактаб. Зеро сурати даруни чаҳорчўба гузоштаи Маҳмудро ҳар рўз дида, мурда боз зинда шудан маро осон набуд…
— Оча, ба ман мошинка харида бите!
— Аз ҳамун пули захира кардаи отат харида диҳам!?
Фаҳмидам, ки киноя буд. Дигар такрор накардам. Акнун ба дарси «чоп» меравам, аз рўйи ҳавас меравам, аммо забонам намеравад ба модарам гўям, ки пул деҳ, то ба гурўх дохил шавам.
Аҷаб духтараке будааст Маҳбуба. Чопро ёд дод, аммо диплом надорам. Ба куҷое равӣ, диплом мепурсанд. Одами бедиплом одам шуморида намешавад. Савод надошта бошӣ ҳам, ҳунар надошта бошӣ ҳам, диплом дошта бошӣ.
Он рўз шод буд модарам. Ҳавлиро об зада рўфта ва паст-паст месуруд. Барои хеш месуруд, хоҳишу вазъу ҳолати хешро ифода мекард, аммо баланд намесуруд, то донам чӣ месарояд. Не, ба он сурудҳои занҳои кўҳистон монанд не, ки ҳатто дар аллаашон андўҳ ҷой дорад. Хушнуд, аз рўйи ҳолаташ, сурудаш бояд шодиёна бошад.
Дар рўйи курсии даҳлез картонқуттӣ меистод. Аҳамият надодам, пурсон нашудам, ки чист. Модарам аз дар даромад. Усмакашида буд абрўвонаш. Баъди марги Маҳмуд аввалин бор усма кашид ў. Завқ кардам, дилам пур аз фараҳ гашт, ки модарам аз ҳама гуна ғами олам барист
— Барои ту!
Бесарсухан изҳор кард ў қуттии коғазиро намуда. Пиндоштам, ки падарам фиристода. Куртаи ночизамро нагирифт гуфта, ягон чизи дуруст фиристодааст. Бепарво вонамуд кардам хешро. Нагирифтам, напурсидам, ки чист. Модарам чӣ рамуз гирифт, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо