Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман хавф мекашам ва сар паст карда, баробари ў дароз кашида, боз сар пеш мебарам, ки нафас мекашад ё на. Оҳҳҳ, он қадар метарсам аз он лаҳза, ки Худо нишон надиҳад…
— Оча, ман мемирам…
— Мурӣ, мурдан гир!
Аламаш зиёд, ба ситеза мегўяд ў ва ман дармеёбам, ки сари ҷаҳл мегўяд. Малол намегирам. Шодам, ки ў ҳарф зад.
Пасон даст мегардонад ба дўши ман. Ҷафс мекунад ба худ.
Мебўяд, мебўсад. Ангуштон миёни мўйҳоям муҳаррик мекунад, мемолад. Ҳам ў осуда мегардад, ҳам ман.
— Имшаб ба хонаи бобот бирав, ман навбатдор ҳастам дар беморхона. – Фармуд модарам. Лекин ман рафтанӣ нашудам.
Модарам то алвақт навбатдор намешуд. Бад медид ин корро аз барои падарам. Зеро ў шабдармиён навбатдор мешуд дар ҷойи кор ва қариб ману модарам ўро намедидем. Аввал модарам бовар мекард, пасон чанд ҳарф шунида бовар накард. Тафтиш мекардагӣ шуд навбатдории ўро. Вайро дар ҷойи кор наёфта дилтанг мегашт, дам ба дарун мегашт, баъзан «навбатдорӣ чигуна гузашт?» гуфта пурсад, падарам хешро ноҳол нишон медод, ки хоб накарда то рўз бо беморони вазнин машғул шудааст, каме бояд дам гирад. Баъд модарам ба навбатдориҳойи ў бовар накард ва напурсид. Акнун худаш навбатдориро баровард.
— Оча, шумо равед навбатдорӣ, ман хоб меравам.
— Не-я, хеҷ мумкин не… Духтарбачча танҳо…
— Не-не, дарро куфл мекунаму…
— Не, гуфтам-ку!
— Ҳамроҳатон ман ҳам навбатдорӣ мекунам.
Модарам ба андеша рафт. Лаб хойид. Намедонист ба ман чӣ гўяд. Пай бурдам безобитагийи ўро. Гўё чизеро ҷўё буд, пайдо намекард, олуғда мегашт ва намедонист чун кунад бо ман.
Баромад аз дарвоза, дарро қуфл кард аз рўям ва чизе нагуфта рафт. Сар печидам ба ҷома, то бихобам. Набурд хобам. Аз ташвиши модар андеша доштам: «чаро парешон аст? Чаро навбатдорӣ ихтиёр карда? Шояд рўзамон нагузарад бо маош? Ташвиш мекашад аз баройи ман, Хўрандайи зиёда,» Намеёфтам ҷавобе. Хобам набурд, зиёд гашт васвосам. Назди дарвоза рафтам. Баргаштам, сари чопмошин нишастам, то чизе нависам, аммо намедонистам, чӣ нависам, ҳамин қадар метавонам нависам, ки модарро дил насўхт ба ман. Нагуфт, ки духтар танҳо дар хона чӣ кор мекунад, ақлаш надавид, ки коре мекунам бо худ. Ў ҳеҷ гох пай намебарад аз нияти ман. Гирифтор аст ба дарди хеш. Гумон дорад чизеро сарфаҳм намеравам.
Ман бояд рўзнома нависам, ҳар қадаму рафтори модарамро дарҷ кунам, то рўзе баройи худам ва хатойи мод арам ба кор ояд.

пешина
аз 393
навбатӣ