Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ангушт задам ба чопмошин, вале фикр накарда ангушт задам. Чизе нанавиштам. Ҳарфҳо пайи ҳам дар коғази сафед шакл мегирифтанд, аммо маънӣ надоштанд.
Дарвоза ба сони раъди осмон садо баровард, аммо кушода нашуд. Касе кашид онро. Пайдост, ки модарам нест. Зеро ў мекушод ва медаромад беташвиш. Ваҳм гирифт диламро. Хомўш кардам чароғро ва пардайи тирезаро бардошта ба дарвоза нигаристам, чизе маълум набуд. Раъша гарифт танамро ҳазор хаёл омад ба сарам. Дар шаҳр ҳар рўз як ҳарфи тоза: дар боби дуздиву ғорат, ба даст афтодани онҳо ва бетартибиҳо. Оташ баровард танам.Надонистам чӣ кор кунам. Боз садойи дарвоза баромад ва ин дафъа кушода шуд. Модарам даромад. Дарвозаро пўшиду қуфл кард ва пушт бар он такя дода дерёз истод. Набаромадам ба пешвозаш.
Аз роғи парда менигаристам, ки сўйи хона ояд, ҷома мекашам ба сар ва дароз мекашам бар фарш. Ва ин кор зуд нашуд. Ў паси сар ба дарвоза гузошта, рў ба осмон андеша мекард ё садоеро гўш медод. Надаромад ба хона. Ҳамон зайл лағжида фаромад ба танаи дарвоза ва сари пой нишаст. Гиря дошт.
Тоқат накардам. Баромадам. Нўг-нўги пой пеш мерафтам, ки ба ў халал нарасонам. Барф дона мекард, ба замин мерасиду об мегашт. Яқин модарам хунук хўрд.
— Оча, аз барои ман шуда, навбатдорӣ накардед?
Беҳуда пурсидам. Вай ҳатто пайдо шудани маро пай набурд.
Гўё хоб бурда ва ё рўҳаш рафта буд. Дилам сўхт. Рафта аз зери дасташ дошта бардоштанӣ шудам.
— Гум шав!
Ҳайрон мондам: «Наход боиси нохушиҳои ў ман бошам?»
Тори каллапўши пашминааш барф хол-хол нишаста, андаке мепойид, баъд об мешуд, гўё миёни ин пағаҳои сафед нафаси баҳор низ ҳаст. Хафа набудам аз модарам, зеро худро гунаҳгор медонистам, ки барои ман шуда имшаб навбатдорӣ накард, акнун алам меситонад. Ҳамин қадар маро иллат кард, дур будан хост аз ман. Пай мебарам, ки бори вазнин ва зиёда ҳастам.
— Оча, нам кашидед, боз нотоб нашавед.
— Нотоб шавам, ту дард намекашӣ.
Маълум гашт: ҳама дарду ранҷаш аз ман.
— Оча, чаро худо маро намебардорад?
Пай бурдам, ки як қад парид. Барфи нўги пашминаи сараш рехт. Пасон паси сар ба дарвоза сахт зад. Боз садои шиноси раъдосо баромад. Надонистам чӣ кунам бо ў. Андеша мекунам, ки ҳар ду сер гашта аз дунё, аммо чӣ кор карданро намедонем. Хостам фарёд занам, ки сари модарам кафид аз зарби оҳани дарвоза, лаб газидам.
— Лаънати худо бар падарат!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо