Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сабук кард дили маро ў. Гумонам ҳама нохушии ў аз падарам буда.
— Омада буд?
Боз посух нагирифтам. Фурсате баъд бардоштам аз зери кашаш. Бархост. Даромадем ба хона. Рўймоли тар дур накард аз сар, рўпўш низ накашида, хешро ба рўйи бистар андохт пасрў.
Акнун дарёфтам, ки чаро модарам нохун мехойидааст. Зеҳи нохунам озурда гашт, аммо мурод ҳосил намешавад. Ба гумонам дар ягон замон духтаре чу ман озор надида ва чунин азият накашида. Ба касе лозим нестам: на ба падар ва на ба модар. Танг мегардад дилам. Фишор меёбад он ва хунаш мебандад чунон ки дар гардани буридаи гўсфанд.
— Оча, дилам мекафад!
Эътиборе нест. Гўё хоб аст. Ва ман намедонам чӣ кор кунам.
Ўро ҷунбонда бедор кунам ё бадар рафта, инсара шавам ё онсара.
Зону оғўш мекунам. Гўё куллук кардаам хешро, ба ҷое нахоҳам расид. Ба назар ҳама хислатҳои модар ба ман гузашта. Агар ў дар рўзгор шод мебуд, шояд ман ҳам шод мешудам. Наход қисматҳо такрор гарданд..
Зўрам намерасад, ки ўро рўгардон карда либоси тарро аз танаш канам. Вагарна нам кашида, гарифтор мешавад ба бало. Ўро эҳтиёт бояд кард...
Ман набояд мурам, вагарна ў бекас мемонад. Вазнин мешавад ҳолаш... ё беҳ мегардад рўзаш? Шояд халалгоре набошад? Шояд ин корашро дониста кунад ё навбатдор бошад шабҳо?
Намефаҳмам. Наход ў он қадар махлуқи мураккаб бошад, ки духтараш дилу нияташро дониста натавонад? Ё ман духтари ў нестам?
— Оча, ман духтари шумо нестам?
Ба назарам мурда ҷон даровард. Оҳиста дастони ёзидаро пеш кашид, вазн бар онҳо андохта, сар бардошт, сина бардошт, гардан тофт ва ба ман нигарист. Пур аз савол буд нигоҳаш, аммо намедонистам чӣ посух диҳам. Ларзид-ларзид ва боз ба синаву даҳон зад.
«Оча!!!»
Ў кар буд, ман баландтар садо медодам.
Нее, ғам дорад модарам, сангин аст ғамаш. Вагарна барои навбатдорӣ ё барои пулаш ин қадар андўҳ намекашид. Болин кардам зонуро. Зери бори гарони андеша, ғам, фикри парешон хобам бурд сари зону. Ҷангу фиғони гурбаҳои сари девори ҳавлии ҳамсоя бедорам кард. Модарам набуд дар ҷояш. Набуд дар хона, набуд дар ҳавлӣ. Субҳ дамид. Боди сард кора мекард ба тани бадхуфтаи ман.

пешина
аз 393
навбатӣ