Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шў доданӣ?
Ў дар ҷавоб маро оғўш кард аз паси сар ва гирист. Гўё аз хушбахтӣ мегирист. Пурсон нашудам аз рафтораш. Тахмин кардам, ки ба духтари падарҷудо ҳам хостгор мебаромадааст, гўён мегиряд.
Ҳама андешаҳоям тахмину пиндор аст, вале гумон надоштам, ки модарам чун модарони зиёд духтарашро ба савдо монад.
— Вазниниам расид, оча?
— Дар шаҳрамон то алҳол қаҳтӣ буд, акнун қиматӣ мешудааст, магар вазнин намешавад?
Мулзам шудам ман. То ҳол ў ба саволҳои ман ҷавоб намедод, акнун ман намедонам чӣ гўям. Як кўдак, мушкилӣ мекунад хўрондану пўшонданаш. Қиматӣ шавад, сербаччаҳо чӣ кор мекунанд?
Вале нагуфт ин ҳарфро. Зеро намедонистам, ки модарам ба чӣ маънӣ чунин гуфт: киноя аст ё ҷиддӣ. Аз хомўшиам чӣ маънӣ кашид, ки сахттар оғўш кард маро ва нафаси гармаш баромад:
— Ба касе намедиҳам... Зери сарам болишт мекунам. Ту ҳастӣ, ки ман ҳастам.
Ў мегўяд, ман ба андеша меравам, ман мегўям, ў ба андеша меравад. Вале яке наметавонем фикрамонро ошкоро гўем. «Ба касе намедиҳам» мегўяд ў. Ва ман сарфаҳм намеравам, ки чаро чунин мегўяд.
— Шояд падарам талаб карда бошад маро?
— Отат туро ба сараш мезанад?! – посух медиҳад модарам. Ба фикр меравам фурўтар ва яқин мекунам, ки вазнинӣ кардаам.
— Ба кӣ намедиҳед маро?
— Ба хеҷ кас!
Дасте ба сарам мерасад, мемолад паси гарданамро. Хоболудам, фаҳм намекунам маънии онро. Ақлам бедор, аммо чашмамро кушода наметавонам. Ё пушаймон аст модарам аз ҳама чиз ё барои ранҷониданаш маро имшаб хоб нарафта. Вонамуд мекунам, ки дар хоби сахтам, чашм намекушоям, намеҷунбам, то зиёдтар молад паси гарданамро, то ман ҳам як лаҳза навозиш бинам. «Кўдак ҳастӣ, чизеро намефаҳмӣ» базўр расид пичирросаш ба гўшам.
Вале суолаш накардам, забон боздоштам. Нахостам навозишу меҳрубониҳои ў гум шавад.
«Сахт дўст медоштааст падарамро, ҳама девонагиаш барои ў.»
Пеши назар меорам симои падарамро, яқин мекунам, ки хубтар аз ў нест марде дар дунё ва боз хориҳои модарро дида, ғашам меояд: «Кош зода намешудам аз модар!»
Нафорид, тела додам дасташро. Модарам ҳайрон ва дасташ дар чаккаи ростам бозмонд, ки чаро чунин мекунам. Дергоҳ хомўш будем. Ба назарам ана-ана торсакӣ ба бари рўям мезанад ва ба ситеза аз дар мебарояд. Вале торсакиву таппонча не, тир расид ба мағзи сарам: «Ту садди роҳам ҳастӣ, вагарна зиндагиамро дигар хел мекардам..»

пешина
аз 393
навбатӣ