Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман як пора санг будам. Хуб буд, ки ҷонам ҳам мебаромад ва нафас намекашидам... «Ман ҳам бояд нобуд шавам ба сони писари ҳамсоя». Қарор чунин буд, аммо инро ба касе гуфта намешавад. Роҳи худкуширо намедонам. Агар бори дигар мардум қиём карда назди Қасри шаҳр ҳозир шаванд, пеш мегузарам ва шояд тири номаълуми сайёде аз пой афканад ва маро назди Маҳмуд баранд. Хушбахттарин инсон будааст Маҳмуд. Ҷонашро халос кард аз ҳама гуна азобу шиканҷа. Ҳамин ҳам зиндагӣ шуду ҳамин ҳам озодӣ шуду...
Вале азоби рўҳии модарам ҳама андешаҳоро мерабояд аз сари ман. Месўзам ба ҳолаш. Ба дил намегирам сарзанишҳояшро. Медонам, ки аз хушӣ намегўяд.
Дарвозаи оҳанини мо садои осмонӣ дод, як қад парронд маро.
Модарам нарафт ҷониби дарвоза.
— Бубахшед, хонаи Маҳмуд ҳамин аст?
— Не, ана он хонаи пешгахи тангкўча.
Ба марди дами дар, ки маро дида худро гум кард ва чунин пурсид, посух додам, вале намедонам, ки кадом Маҳмудро мегуфт?
Ба ҳар ҳол ман як Маҳмудро медонам, Маҳмуди ҷавонмаргро.
Вале мард ба даре, ки ман ишора кардам, нарафт. Чанд қадам он ҷониб гузошт ва баргашта дид, ки дарвоза пўшида аст, бозпас рафт. «Аҷаб» гуфтам ба худ ва дергоҳ ба хона надаромадам.
— Кӣ буд? – аз дар баромад модарам.
— Як мард, хонаи Маҳмудро мепурсад.
Модарам як қад парид ба назарам, вале худдорӣ кард, лаб газид. Шах шуд дар саҳни ҳавлӣ.
— Оча… Ў падарам набуд...
Эътиборе надод модарам. Якбора бурун рафт аз дарвоза ва садои раъдосо боло шуд. Ҳайратзада будам, нохун мехойидам чун модарам. Акнун дарёфтам, ки боиси нохунхойии ў ноумедиҳо ва нобарориҳо буда.
Баргашт ва тамоми шаб гўш ба дарвоза дошт, ки садо мекунад, аммо садое барнаомад аз дарвоза.
Сари субх аз дарвоза баромад модарам ва теғи офтоб баргашт. Чеҳрааш табассум дошт. Дили ман низ шод гашт, вале дер напойид:
— Ту чаро кор намекунӣ, мактаб намехонӣ?
Якбора ҳушёр шудам ва нигаристам ба чеҳраи ў. Дигаргун гашт, сиёҳ шуд, ларзид... дере нагузашта аз ман сабаб напурсида дандонҳояш ба ҳам хўрданд. Дар дил дарде дорад, намегўяд. Неее, барои хўрдану пўшиданам чунин рафтор намекунад, ин ҷо асроре ҳаст ва ақли кўдаконаи ман намерасад ба он Фарёди модари Маҳмуд баромад.

пешина
аз 393
навбатӣ