Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Беш аз ин чизе натавонист бигўяд модари Маҳмуд. Ман ба андеша рафтам, ки Худо ҷаббор аст ё мардум? Қисмати Маҳмуду падараш, худаму модарамро аз Худованд донам ё аз бозиҳои инсонӣ?
— Оча, он мард боз омад... – модарам суоломез нигарист ба ман ва идома додам: – он мард боз дарвозаи моро кўфт. Пурсидам, ки чӣ мехоҳад, хонаи Махмудро пурсон шуд. Нишонаш додам, баргашту бирафт.
Дигар дар хусуси андешаҳои модарам намегўям, беандоза аст андешаҳойи ў чу об, ки ба хўрдан кам нашавад… Чизи дигаре рух дод: ҳамон мард, ки хонайи Маҳмудро мепурсид, аз паси модарам аз дарвоза ворид гашт. Модарам ҳайрати маро дида зуд шарҳ дод;
— Амакаш барои сўзандору омадаанд.
Гиреҳ зад миёни абрўям, чизеро гиреҳ кардам дар дилам.
Беморро ба хонаи дарун даровард модарам. Сўзанро ҷўшонд, доруро даровард ва дергоҳ набаромад. Баъдтар қуттича, сўзандору, сачоқ ва спиртро бардошта бароварда, худ аз худ ҳисобот дод ба ман:
— Печондам, арақ кунад, нағз мешавад.
Дар чеҳраи модарам хушнудӣ ҳувайдо буд, аммо ба забон намеовард. Муомилааш бо ман хуш буд. Гаштаву баргашта менигарист дуздида, чизе гуфтан мехост, намеёрист. Мазмун, тунд гуфтани маро чашмдор буд ва ё гумон мекард. ки такпурсӣ мекунам беморро. На! Чунон карданӣ набудам; мисли духтурони ёрии таъҷилӣ, ки бо падари Маҳмуд карданд. Мурдаро монда, тутхўрӣ.
Магар бемор он шаб арақ накард, ки нарафт. Субҳ модарам тағора даровард ба он хона, оби гарм бурд, сачоқи тоза бурд, вале чизе аз он ҷо набаровард. Тухм бирён кард...
Ман дар ҳуҷраи танги паҳлў зону оғўш карда манаҳ бар сари зону ниҳода, сукут варзидам, аммо хаёлам дар як ҷо набуд. Чунин нишастанҳо ва ба андеша фурў рафтани модарам пеши назар меомад, вале... ва якбора падарам хандону масрур пеши назарам омад.
Сўйи ман менигарист шодон, аммо дандон ёзид ҷониби модарам.
Панҷааш низ чанголи дарранда гашт ва сўйи очам рафт. Пахш кард гулўяшро. Чашмони очам чун чашми ғук ҷаста баромад ва фарёд задам.
Модарам башитоб омад ба хонаи ман «Ҳа-ҳа?» кард: «Чӣ шуд?»
Ҳайратзада будам ва намедонам чӣ гўям ба ў. Гўё танҳо сурат доштам. Чашм намекандам аз рўяш,
— Чӣ шуд?
Лаб мегазидам. Дандон фурў рафта буд бар лаб. Ҳайратам ба ғазаб гашт. Ангушт мушт кардам, хостам ба ҷойи падар гулўи ин зани «бегона»-ро бигирам.

пешина
аз 393
навбатӣ