Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Аз вазъу чеҳраи ман тарсид модарам. Зону зад наздам. Вале наёрист сару рўямро сила кунад. Ба забон омад. Гўшҳоям қуфл зада буданд, базўр шунидам ҳарфашро:
— Туро ба хеҷ чиз иваз намекунам, Парвона...
Ангоштам, ки нашунидам. Ў баландтар такрор кард.
— Туро ба чизе иваз намекунам, Парвона.
Ў сўйи дари меҳмон нигарист, ки нашунида бошад. Пас оҳ кашид:
— Сўхтам!
Гирифтор шудам ба худ. Баъди рафтани меҳмон ҳам ба худ наомадам. Ҳарфи модарамро намешунидам. Дасту дилам ба коре намерафт. Падарамро ёд мекардам.
— Ту кўдакӣ... намедонӣ, ки танҳоӣ чист.
Ҳамин қадар гуфт ў. Вале намедонист, ки чӣ танҳоям, танҳотарини танҳоён манам дар ин дунё!
Гиреҳи дилам кушода намешуд. Ятимона менишастам таги дар ва гоҳи омадани модарам ба хона медаромадам.
...Ва падари Маҳмудро оварданд. Дошта фуроварданд аз мошин, бардошта дароварданд ба ҳавлӣ. Ҳамин лаҳза ҳама чизро фаромўш кардам. Ба ҷуз қиёфаи заъфаронӣ ва тани лоғари падари Маҳмуд чизе дар ёдам набуд.
Чанд рўз баъд падари Маҳмуд асо дар даст, аз паҳлўдарӣ дошта, аз даричаи дарвоза бурун омад. Пойи росташро чу паргор ним дойира гардонда пеш мемонд ва бар асо вазн андохта пойи сиҳатро пеш мегузошт, ба назар меҷаҳид. Менишаст ба хараки дами дарвоза. Дерёз менишаст. Худ ба худ мегирист. Ба дасти рости озоду кашолаш оби дида пок карда наметавонист. Асо бар зонувон уреб мегузошт. оби дида пок мекард бо дасти чап... Бо азобе мехест. Медаромад аз дарвоза. Садои гиряаш меомад:
«— Алам! Қанотамро шикастӣ, Маҳмудҷонам, алам! Ғўрамаргам, алам!!!»
Тоқатам тоқ мешуд. Медаромадам ба хонаи дарун, то нашунавам овои талхашро. Тирвор медаромад аз дару девор садояш.
Худро андохтам рўйи кат, болишт бар сар гузоштам, то кар бошам.
Вале он қадар андеша афзуд, ки хубтар буд шунавам нолаашро, то мағзи сарам палағда нагардад. Акнун дарёфтам, ки чаро мағзи сари одамон халал меёбад, чаро девона мешаванд онҳо, чаро зиндагиро бад мебинанд, одамонро дидан намехоҳанд, зиндагии ваҳшиёнаро дўст медоранд, канора буданро авло мешуморанд.
«Маҳмуд ҷонашро халос кард» мегуфт модарам. Намефаҳмидам, ки чаро чунин мегўяд. Пиндорам, ки кўтоҳақлӣ кард; дар он рўзи маҳшар ба майдон рафтан лозим набуд. Акнун чӣ қадар ҷони падару модар дар азоб аст. Ҳарфи падарашро гўш накарданд, ба додаш нарасиданд, Маҳмудро айбдор хонданд, падарро ба шиканҷа кашиданд: «Баччаро ин хел тарбият намекунанд!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо