Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин мўзаамро дар берун кашидам ва бо фармуди амаки Юсуф зери қубури об пойҳоямро шуста, сонӣ ба хона даромадам. «Чашми шогирдатон тез» ҳамин қадар баҳо дод ба ман Боҳоҷӣ ва амаки Юсуф шинос кард: «Писари Раҷаби неконӣ». Баъд хомўш шуданд.
Ман гумон доштам, ки Боҳоҷӣ ана-ана либоси маро наҳ мезанад, қишлоқӣ буданамро писханд мекунад ва амаки Юсуфро сарзаниш, ки чаро чунин касонро ба хонаи ман меорӣ, аммо чунин ҳарфҳо нашуд. Маро ба ин даргоҳи ба назарам, бемислу монанд овардани ўро нафаҳмидам. Говҳоро меоварду барои дастёрӣ ҳамроҳ мегирифт, гапи дигар буд, лекин ба пушти зини Мушкинаш савор карду овард. Дар роҳ як ҳарф гуфт: «Вақти бузкашӣ шавад, дар ягон тўй омада бозии Мушкинро тамошо бикун.» Ин ишора ба бузкашии худаш буд. Ҳар қадар Боҳоҷӣ дар доройиву обрўмандӣ овоза дошта бошад, амаки Юсуф дар човандозӣ дошт. Овозаи ҳардуро шунида будам, акнун худашонро дидам... Ҳавливу ҳарами Боҳоҷӣ аввал диққатамро бурд, сонӣ ғашамро овард. «Чӣ лозим ҳамаи ин карру фарр?» ва як ҳарфи падар ёд омад: аввал ў мегуфт, ки хар аз хар монад, гўшашро мебуранд, баъ,д шарҳ медод: «Тамоми кори инсон аз рўйи ҳавас ё ғараз аст – ҳавасаш ба тақлид мегардад ва ғаразаш ба қасос.» Ин хел ҳарфҳоро падарам мегуфт, аммо ман аз як гўш мегирифтаму бо гўши дигар мебаровардам... Ин табиати мардуми кўҳистон: аз шаст, ки гузаштанд, ҳама суханашон ҳикмат, рамз, масал, киноя мешавад ва бештар панд... Ҳасад мабар, ба моли мардум ба чашми бад манигар, ба кори бад тақлид макун, касеро изо мадеҳ... ва бисёр ҳарфҳо, ки ба гуфтан адо намешавад...
Амаки Юсуф каҷпаҳлў кард, чунон ки дар хонаи арўсак карда буд, дар он ҷо якто буд, дар ин ҷо садто метофт; ў дар шифт ҳам каҷпаҳлў зад ва чунин менамуд, ки дунбааш дар сақф ширеш шудааст. Боҳоҷӣ аз дар даромад ва омин карда дастархонро гирифтанд... Ин корро ў намекард, балки ҳама кори хонаро писараке мекард, ки ў ё ба синни ман буд ва ё хурд буду калон метофт ё калон буду хурд менамуд... Боҳоҷӣ сурфид. «Баччаи худӣ» ба ҷавоби сурфаи ў гуфт амаки Юсуф ва ба ҷойи дастархон соҳибхона ду-се ҷилди болишт партофт. Сонӣ як халтаи кандирро аз тахмон гирифта, ба миёна гузошт. Амаки Юсуф хуб ба халта нигарист, сонӣ ковок шуда, сари зону хест ва халтаро чаппа карда, афшону такон дод ва пул рехт аз даруни он, чош шуд дар миёни хона ва чашми ман сиёҳӣ зад. Халтаро ба кунҷи хона андохт. Ба ҷояш нишаста, фармуд: «Писарам, садсўмиашро садсўмӣ, панҷоҳсўмиашро панҷоҳсўмӣ, биступанҷсўмиашро биступанҷсўмӣ даста мекунем... Яксўмиашро ҳам.»

пешина
аз 393
навбатӣ