Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нахостам, ки ҳайратам ошкор шавад. Аз ин рў гўё ба пули зиёд аҳамият намедодам ва намепурсидам, ки ин қадар пул аз куҷост.
Дар обрав ҳама медонанд, ки Боҳоҷӣ директори комбинати гўшт, амаки Юсуф – пайдогар...
— Ин пули ҳамон говҳо... Пули ту ҳам дар даруни ҳамин, – ба ман шарҳ медод амаки Юсуф; аммо лом намегуфтам, гўё пул лозим набошад... Вале сабр карда, ҷавобашро аз дигар ҷо дарёфтам:
Боҳоҷӣ берун баромада буд ва гуфтаи амаки Юсуфро нашунида, ба хона даромада дигар хел фаҳмонд:
— Пули Комбинат. Пагоҳ супоридан лозим...
Амаки Юсуф аз ин ҳарфи Боҳоҷӣ безобита шуда, дар ҷойи нишасташ ҷунбид ва ба ман нигарист. Ман чашмамро ба пеши худ карда, варақ-варақ пул мечидам ва ба амаки Юсуф меёзидам, ки гирифта ба ҷилдҳои болишт андозад...
Пулдастакунии падарам дигар хел: агар ў сад сўм пайдо кунад, ҳатман як коғазашро қат карда, дар қабаташ пулҳои ҳархелаи дигарро – даҳсўмӣ, яксўмиро гузошта, сад гуфта, як сў мемонад ва ҳар қадар ки дошта бошад, ҳамин хел мекард... Аммо пулдастакунии инҳо тамоман дигар: яксўмӣ ба даҳсўмӣ ҳамроҳ нашавад...
балки ман дар он тўб чандон яксўмӣ надидам, ҳатто сесўмӣ низ кам буд. Наход ки ягон рўз ҳамин сирру савдоро ба падар гўям...
— Ҳушат ба куҷо рафт?! – аз ман пурсид амаки Юсуф.
— Монда шудам...
— Ҳа, кори ҷаҳон осон нее...
Баччаяки дигар ҳам монда шуд. Яқин ў дар ин кор одат кардааст, аммо монда шуд. Намедонам, ки мисли моку ба ҳар коғаз рафта омадани даст монда кард ё хомўшӣ? Ва ё фикру андешаи зиёд? Хомўш кор мекардем, ба зайле ки ҳарф шавад, асрор ҳувайдо мегашта бошад... Андешаҳои онҳоро намедонам, андешаҳои ман дигар хел буд: «Наход ки замини вазнин дар сари шохи гов бошад?» Ва дергоҳ дар дил ин савол такрор мекардам, ҷавоб ёфта наметавонистам.
— А, амаки Юсуф?
— Чӣ мегўйӣ?
— Наход ки ҷаҳон дар сари шохи гов бошад-а?
— Намедонам барои дигарон чӣ хел, аммо барои мо ҳамин хел... Ин барои мо... Лекин аслан ҷаҳон бар пул аст.
Сарфаҳм нарафтам ба ҳарфи ў, як муддат ба рўяш нигаристам. Вай гўё ҳарфи гуфтаашро фаромўш кард ва ларзаҳои садиву панҷоҳиро ба болишт андохтан аз кораш лаззат мебурд ва гоҳ-гоҳ миёни абрўвонаш гиреҳ мезад худ аз худ. Ба сақф, ба паҳлўҳои хонаи ойинабандӣ менигаристам, ки қиёфаю дилу нияти ўро дарёбам, вале чашмам ба пулҳо меафтид: сақф пури пул, деворҳои ойинабандӣ пури пул, болиштҳо пури пул, хона пури пул... Олам пури пул... Худ ба худ хулоса мебаровардам, ки амаки Юсуф одами андак не, олам бар пул бунёд дорад: муомилот, харидуфурўш, доду гирифт – ҳама муносибатҳои иқтисодиро дар пул медонанд.

пешина
аз 393
навбатӣ