Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рафтан мехоҳам, баргаштан мехоҳам. Сахт дилгир шудам, ба танг омадам, аммо намедонистам, ки чӣ хел ба амаки Юсуф фаҳмонам. Ба назарам ў одати маро пай бурдааст, вале чизе гуфта наметавонад; ҳарду аз якдигар вобастагие дорем: вай овард. Ман асроре дидам. Бояд бо хушӣ барад.
— Амаки Юсуф!
— Чӣ мегўйӣ?
— Комбинат ҳисобчӣ надорад?...
— Дорад... Ҳамаш дар дасти Боҳоҷӣ...
Вале ман маънии сухани ўро нафаҳмидам, ки киноя буд ва ё дар ҳақиқат ҳамин хел?
Амаки Юсуф сахт парешон буд. Парешонии ў дигар хел: мисли мо гирифтори андешаи хештан не, балки хавфомез, ҳаросомез…
Агар пештар пулҳои дарзакардаи моро бо ҳавас ба ҷилди болишт меандохта бошад, ҳолиё чангол зада, коғазҳоро чун хазон ба халта андохтан мехоҳад; дасташ ба кор, ҳушу хаёлаш ба дигар ҷо; чашмаш ба дар, гўшаш ба берун; ягон-ягон нафаси дароз мебарорад, ки оҳро монад. Ман ҳеҷ чиз намефаҳмам. Ҷавонписар ҳар бори ин корро кардани амаки Юсуф аз таги абрў ба вай зеҳн мемонад.
Чизеро тахмин мекунад, чизеро пай мебарад, аммо забон мегазад
– ҳамин хел таълим гирифтааст...
Амаки Юсуф ба танг омад; беқарор гашт. Пулҳои майдаро чангол зада, ба ҷилд меандохт ва мисли коҳ ба мушт пахш мекард.
Нашуд. «Дор!» гуфт ба ман. Даҳони ҷилдро доштам. Вай дудаста пулҳоро бардошта ба ҷилди болишт меандохт. Ман ҳис мекардам, ки дастонаш меларзанд. Арақ кард ў. Бо остини курта пешониашро пок кард. Нашуд. Як ҷилди холиро гирифта дурусттар арақи сару гарданашро тоза кард. Аввалин бор медидам, ки кас дар ҷои нишасташ ин қадар монда шуда, арақ мекунад... Мардумони кўҳистони мо вақте арақ мекунанд, ки дарахт буранд ё замин гардонанд ё санг шикаста барои иморат сохтан кашонанд; ин хел ки мард дар ҷойи нишасташ чунин шалпар гардад, надидаам. Якбора ғамгин ҳам шуд ва баъд худ ба худ ғазаб карда, намедонист, ки алам аз кӣ гирад. «Тез бошед, баччаҳо!» садои гулўӣ ва зери лаб баровард ў коғазҳои ба таги кўрпача рафтаро бо ангушташ берун кашида. Ба назар хавферо ҳис мекард, хотираш ноҷўр буд...
Ҷисмаш дар хона, рўҳаш ҳамроҳи Боҳоҷӣ. Ҳамин хел дарёфтам ғами ўро, ҳамин хел тахмин кардам парешонии ўро.
Ў боз дари тахмонро кушод, Ман кўшиш мекардам, ки лўлаболиштҳоро шумурам, аммо амаки Юсуф қасдан пеши тахмонро мегирифт; ҳамин қадар дидам, ки лўлаболиштҳои аввал рахзада рўкаши сафед доранд, қуроқӣ ҳастанд ва баъзеашон шилшилаи дарози аз рўкаш бароварда доранд, ки аз тори чанде нишеб шуда, ҳам зеб мебахшид, ҳам асрор нигаҳ медошт.

пешина
аз 393
навбатӣ